Афсӯс, ки баъзе ҳамдиёрон ғуломи нафс шуда, оилаи гул барини худро барбод медиҳанд, масъулияти худро назди ҳам ҷамъияту ҳам наздикон фаромӯш мекунанд, назди Офаридгор гунаҳкор мешаванд. Солҳои охир дар байни ҷавонон ҷудошавӣ, яъне барбоддиҳии оилаҳои навбунёд бисёр гардид. Аз ин кӣ ҷабр мекашад? Пеш аз ҳама фарзандони зиндаятим.
Ҳар як инсон аз тариқи меҳр ва муносибати хуб ба зиндагӣ ва аҳли оила, ояндаи боэътимоди давраи боэътибори пириро бо пайвандонаш метавонад таъмин кунад. Дар хонадоне, ки муҳаббат, садоқат, одамгарӣ, меҳру оқибат ҳукмфармо аст, кӯдакон тарбияи хуб мегиранд. Фарзандони чунин оилаҳо қалъаи хонаводаро мустаҳкам нигоҳ дошта, баробари ин дар ҷамъият ҷойгоҳи муносиб меёбанд. Барои равнақи ҷамоа, халқу кишвар саҳм мегузоранд.
Инсоне, ки муҳити оилавиаш солим ва хотирҷамъ аст дар касбу кор, масъалаҳои иҷтимоӣ низ намунаи ибрати дигарон шуда метавонад.
Афсӯс, ки баъзе ҳамдиёрон ғуломи нафс шуда, оилаи гул барини худро барбод медиҳанд, масъулияти худро назди ҳам ҷамъияту ҳам наздикон фаромӯш мекунанд, назди Офаридгор гунаҳкор мешаванд.
Солҳои охир дар байни ҷавонон ҷудошавӣ, яъне барбоддиҳии оилаҳои навбунёд бисёр гардид. Аз ин кӣ ҷабр мекашад? Пеш аз ҳама фарзандони зиндаятим.
Аксар вақт ноосудагии оила аз низои зану шавҳар, бо падаршӯву модаршӯ мурасо карда натавонистан, аз беодобӣ ва бемаърифатии арӯс сар мезанад. Дар замири чунин низоъҳо норасоии меҳр эҳсос мегардад. Зеро баъзан, ҳатто дар чунин нохушӣ сабаби аниқ ҳам нест. Баъзе занону шавҳарон аз ҳамсари худ нолида дарди дилро назди дӯсту душман дастархон, сирри оиларо фош мекунанд. Ва боиси хандаю муҳокимаи мардум мегарданд. Мо, намояндагони маҳалла ба хонадони оилаҳои ноором рафта, бо онҳо суҳбат мекунем, якҷо ҳалли муамморо меҷӯем, мисолҳои ҳаётӣ меоварем, панду насиҳат карда, даъват менамоем, то ки хислатҳои хуби якдигарро дида тавонанд, ба созишкорӣ даст зананд. Зеро каме меҳр ҳам метавонад ҳаёти онҳоро дигаргун кунад, зебо созад. Дар замони мо китобхонӣ ба масъалаи мубрам табдил ёфт. Бояд ба кӯдакон афсона хонем, афсона гӯем. Эҳтиром ба падару модар, ошноӣ бо илму маърифат, муносибати хуб бо инсонҳо дар пояи афсонаҳо шакл меёбад. Воқеан, тамоми илмҳо, хулқ ва хислатҳои ҳамида дар китоб муҷассаманд. Фақат хондан кам аст, мушоҳида карданро ҳам ба бачаҳо омӯзонидан даркор. Дар урфият «Ҳусни зан на дар пардоз, балки дар ақл аст» мегӯянд.
Мо фарзандонро бояд бофаросат тарбия кунем, то онҳо ояндаи ҷамъияти мо шуда ба воя расанд. Волидон дар ҳар гуна шароит ҳам бояд шавқи фарзандро ба илму маърифат, ба хондани китоб бедор кунанд. Зеро фикру мулоҳиза, тарзи суханронӣ, андеша ва ҷаҳонбинии инсони соҳиби илм афзал аст.
Комилҷон ҶӮРАҚУЛОВ,
ноҳияи Самарқанд.