19 – 21 июн маҷмааи намоишгоҳи САЕХ, воқеъ дар шаҳри Тошканд, ба нахустин Намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои экологии «EcoExpoCentralAsia – 2025» мизбонӣ мекунад.
Ин чорабинии густурда, ки дар минтақа бори аввал роҳандозӣ шудааст, намояндагони беш аз 30 кишвари ҷаҳонро гирди ҳам овардааст. Гуфта мешавад, ки баргузории ин чорабинии доманфарох маҷмааи намоишгоҳро ба як платформаи гуфтушунид ва табодули таҷриба табдил хоҳад дод.
– «EcoExpoCentralAsia – 2025» на танҳо намоишгоҳ, балки як платформаи махсуси насли нав аст, ки дар он коршиносон, ширкатҳо, стартапҳо, намояндагони созмонҳои давлатӣ ва байналмилалӣ барои муаррифии ҳалли замонавӣ ва муассири экологӣ мулоқот мекунанд. Дар ин ҷо масъалаҳои асосии устувории иқлим, ҳифзи захираҳо ва татбиқи технологияҳои тоза баррасӣ мешаванд, – мегӯяд сухангӯи Вазорати экологӣ, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон Лола Раҳмонбоева.
Л. Раҳмонбоева таъкид варзид, ки нахустин технологиҳои экологӣ аз навоварӣ дар зеҳни сунъӣ ва энергияи сабз то ҳалли масъалаҳои ҳифзи об ва омӯзиши экологӣ, тамоми доираи технологияҳои ояндаро фаро гирифтааст. Дар он фиристодагони Фаронса, Ҷумҳурии Корея, Тоҷикистон, Русия, Туркманистон, Италия, Қазоқистон, Австрия, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Олмон, Қатар, Чин, Хорватия, Сингапур, АМА, Беларус, Белгия, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Ҷопон, Норвегия, Венгрия, Туркия, Гурҷистон, Бангладеш, Миср, Латвия ва Фаластин ширкат доранд.
Ин далели таваҷҷуҳи баланди байналмилалӣ ба барномаи экологии Осиёи Марказӣ мебошад. Муассисии ин чорабиниро Вазорати экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими ҷумҳурӣ бар дӯш дорад. Намоишгоҳ ба «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти сабз», ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар кишварамон эълон шудааст, бахшида мешавад. Он барои тавсеаи ислоҳоти дохилӣ дар соҳаи экология ва таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт басо мусоидат хоҳад кард.
«EcoExpoCentralAsia – 2025» доираи имкониятҳоро барои шиносӣ бо технологияҳои пешрафтаи соҳа, барқарор намудани робита бо ширкатҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба рушди навовариҳои экологӣ машғуланд, боз ҳам фарохтар хоҳад кард. Он нишон медиҳад, ки барои татбиқи стандартҳои ESG, мубодилаи таҷриба ва омӯзиши равишҳои технологӣ имкониятҳои калон мавҷуданд ва аз он мебояд фаровон истифода бурд. Чунин платформаҳо на танҳо ба фаъолияти корхонаҳо мусоидат мекунанд, балки ба ташаккули фарҳанги экологӣ дар миқёси миллӣ низ хизмати босазо анҷом медиҳанд.
Дарвоқеъ, барои ширкат дар ин намоишгоҳи байналмилалии экологӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар номнавис шудаанд, ки иштирокчиёни хориҷӣ ва маҳаллӣ маҳсуб меёбанд. Дар байни онҳо ҳудуди 40 нафар меҳмононро шахсони воломақом ташкил медиҳанд.
Дар давоми ду рӯз дар намоишгоҳ бештар аз 20 ташкилотҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бонуфуз, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, соири вилоятҳо ва шаҳри Тошканд тавассути павилёнҳои худ маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд. Боз як рӯзи дигар меҳмонон аз барномаи пурмазмуни намоишгоҳи экологӣ, мисли: мубоҳисаҳои умумӣ ва панелӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ, муаррифии лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҷаласаҳои мавзӯӣ оид ба энергияи «сабз», экотуризм, шаҳрҳои устувор, технологияҳои рақамӣ ва маблағгузории иқлим, дарсҳои омӯзишӣ, намоишгоҳҳои аксҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмуни стартапҳо баҳраманд хоҳанд шуд.
– Ғайр аз ин, зиёда аз 35 чорабинии мувозӣ, муаррифии лоиҳаҳои ояндадор ва имзои созишномаҳо оид ба барномаҳои экологӣ низ барномарезӣ шудаанд, ки то охири ин чорабинӣ ба вуқӯъ хоҳанд пайваст. Ба масъалаҳои рушди устувори минтақаи баҳри Арал, сохтмони сабз ва ҷалби ҷавонон ба рӯзномаи экологӣ таваҷҷуҳи махсус низ зоҳир карда мешавад, – мегӯяд Лола Раҳмонбоева.
Бино ба суханони ширкаткунандагони ин намоишгоҳ иштирок дар EcoExpo имкониятҳои беназир кушодааст, то ки онҳо дар он технологияҳои «сабз»-и худро ба доираи васеътар муаррифӣ кунанд, ба бозорҳои нав ворид шаванд, шарикони стратегӣ барқарор кунанд. Дар ҳақиқат, EcoExpoCentralAsia – 2025 як қадам ба сӯи ташаккули тафаккури нави экологӣ дар асоси инноватсия, устуворӣ ва ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Чунки он имкони шунидан, дидани таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ ва саҳми воқеӣ ба ояндаи сабзи минтақаро таъмин мекунад.
Ду рӯзи намоишгоҳи нахустини байналмилалии экологиро намоишҳои консертии дастаҳои ҳунарӣ ва фолклории шаҳри Тошканд ва соири вилоятҳо пеши назари меҳмонон ва оммаи васеъ, ки барои тамошои павилёнҳо омадаанд, боз ҳам пуршукӯҳ ва пурҷилотар намоён намуд. Ин тарзи ташкили чорабинӣ 21 июн низ давом хоҳад кард.
Номоишгоҳи нахустини байналмилалии технологияҳои экологии «EcoExpoCentralAsia – 2025» имрӯз ба кори худ хотима мебахшад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Шаҳри Тошканд.