Дар қалъаи Лангар воқеъ дар ноҳияи Хатирчии вилояти Навоӣ, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллӣ, кемпинг, зиплайни дарозиаш 800 метр, тюбинги дарозиаш 200 метр, тарабхонаи муосир ва минтақаи селфигирӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ ҳокими вилоят Нормат Турсунов, намояндагони ҷомеаи васеъ ва куҳансолон ширкат варзиданд.
Қалъаи Лангар дар масофаи 120 километр аз маркази вилоят ҷойгир буда, дар миёни кӯҳҳои баланду зебо қарор дорад. Ҳавои ин минтақа салқин аст ва дарахтони баланди сафедор дар соҳили сойҳо ва бедҳои бузург табиати нотакрори онро зеботар месозанд. Хонаҳое, ки дар канори дараҳо бунёд ёфтаанд, ба қалъа ҷаззобияти бештар мебахшанд. Ба ин мавзеъ пайваста сайёҳон ташриф меоранд.
Ба Лангар мақоми «Маҳаллаи сайёҳӣ» дода шудааст. Дар ин ҷо фаъолияти 20 меҳмонхонаи оилавӣ ва 3 макони истироҳатӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Инчунин, 3 нуқтаи хӯроки умумӣ ва 10 нуқтаи савдо мавҷуданд. Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 30-то мерасад.
Дар ин ҷо барои сайёҳон 15 хонаводаи ошпазии миллӣ ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Бо мақсади зиёд намудани ташрифи сайёҳон ва афзоиши манбаъҳои даромади аҳолӣ, бастаи сайёҳии серӯза бо номи «Ҳалқаи сайёҳии Лангар» таҳия шудааст. Ҳамчунин, барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ як объекти туризми шикорӣ таъсис дода шудааст.
Албатта, тадбирҳое, ки дар ин минтақа амалӣ мешаванд, ба афзоиши шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, рушди хидматрасониҳои сайёҳӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ва афзуншавии даромади сокинон мусоидат мекунанд.
Абдувалӣ БӮРИЕВ,
мухбири ӮзА.