Ноҳияи Фурқат як воҳиди маъмурии вилояти Фарғона маҳсуб меёбад. Масоҳати умумии он 0,31 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Ноҳия дар байни қаторкӯҳҳои ғарбӣ ва ҷанубии Тёншон воқеъ гаштааст.
Таърихи ноҳия чандон тӯлонӣ нест
Ноҳияи Фурқат як воҳиди маъмурии вилояти Фарғона маҳсуб меёбад. Масоҳати умумии он 0,31 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Ноҳия дар байни қаторкӯҳҳои ғарбӣ ва ҷанубии Тёншон воқеъ гаштааст.
Агар ба гузаштаи он назаре андозем, ноҳия соли 1992 таъсис ёфтааст. Маркази маъмурӣ – шаҳраки Навбаҳор, қаблан ба номи Горский ёд мешудааст. Гуфта мешавад, ки ин ном 11 апрели соли 1899 пайдо шудааст ва ба ҳамон рӯзе рост меояд, ки аввалин қатора аз ҷониби Хавост ба самти шаҳри Қӯқанд ҳаракат мекардааст. Дар ҳамон давра қисми 4-уми сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Андиҷон таҳти роҳбарии Антон Гаврилович Горский (1846–1901) сурат гирифтааст ва номи шаҳрак аз ҳамин ном маншаъ гирифтааст.
Тибқи маълумотҳои расмӣ соли 1943 ноҳияи Горский 58 колхозро муттаҳид менамудааст. Аммо соли 1959 ноҳия барҳам хӯрда, он ба ноҳияи Ӯзбекистон ҳамроҳ карда шудааст. Бар асоси карори Девони Вазирони Ҷумхурии Ӯзбекистон аз 5 июли соли 1991 қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 апрели соли 1991 ва қарори кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Фарғона аз 25 июли соли 1991 ноҳияи Фурқат соли 1992 дубора эҳё гардидааст.
Ноҳия дар айни ҳол 8 шаҳрак ва 6 ҷамоати шаҳрвандони деҳотро муттаҳид намудааст. Аҳолии ноҳия то 1 январи соли 2024 бештар аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ноҳия ба кишоварзӣ ихтисос дода шудааст ва дар хоҷагиҳои фермерии он деҳқонон ба пахтакорӣ ва парвариши ғалла, инчунин ба чорводорӣ машғуланд. Дар он як қатор корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд, ки бекоронро ба кор банд кардаанд ва ҷиҳати беҳбуди зиндагии онҳо низ мусоидат намудаанд.
Ба соҳибонаш супурда шудани хонаҳои нав
Дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят мегӯяд, ки ин ҳодиса ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Соҳибони манзилҳои нав кормандони умури дохилӣ буда, сохтмончиён барояшон дар ҶШМ «Навбаҳор» бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ сохтаанд. Гуфта мешавад, 14 нафар корманди умури дохилӣ бо нархи имтиёзнок соҳиби манзили зист шуданд. Қобили зикр аст, ҳудуде, ки дар он ҶММ «Зиё хаус» дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ корҳои сохтмонӣ анҷом додааст, қитъаи замини холӣ мебошад, ки дар ихтиёри Раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона қарор дорад.
Дар маросими ба соҳибонаш супурдани бино ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, прокурори вилоят Бахтиёр Исмоилов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят Азизбек Икромов, муовини мушовири Президент Ҷобир Азимов, инчунин собиқадорони соҳаи мазкур, волидон ва намояндагони ҷомеа ширкат варзидаанд. Ҳокими вилоят зикр намуд, ки дар бинои нав марказҳои хидматрасонӣ низ ба кор андохта шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ давру замон тақозо менамояд, ки имкониятҳои мавҷуда барои иҷрои корҳои судманд истифода шаванд ва шароити беҳтар барои мардум фароҳам оварда шаванд.
Кормандони умури дохилӣ ва аъзои оилаи онҳо ба Сарвари давлатамон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ, фароҳам овардани чунин шароит изҳори сипос намудаанд. Баъд аз он калиди хонаҳои нав ба соҳибонашон ботантана супурда шудааст.
Баҳри беҳбуди шароит ва зиндагии мардум
Дар ноҳия аҳли меҳнат барои иҷрои қарор ва фармонҳои Президент ҷидду ҷаҳд мекунанд. Барпо гардидани корхонаҳои гуногун барои мустаҳкам шудани иқтисодиёти ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нақши муассир мебозанд. Дар минтақаи хурди саноатии «Темирйӯлчӣ» бунёд ёфтани корхонаи истеҳсоли орд, ки аз ҷониби ҶММ «Мастона Бӯстони» роҳандозӣ шудааст, дар баробари бо орд таъмин кардани аҳолӣ, инчунин як гурӯҳ сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навбаҳор»-ро бо кор таъмин кардааст.
Арзиши лоиҳавии корхона, ки ба сохтори «Кластери Фурқат» – яке аз кластерҳои ғаллапарварӣ тааллуқ дорад, бо ибтикори Сарвари давлат дар мамлакат арзи вуҷуд намудааст ва бо мақсади диверсификатсияи истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди агробизнес ва занҷири баланди арзиши иловашуда таъсис дода шудааст. Он беш аз 4,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ин лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои худӣ татбиқ гардидааст. Мешавад гуфт, ки дар ибтидо 54 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда бошад, баъдан шумораи ҷойҳои кори доимӣ ба 105 нафар афзоиш ёфтааст.
Корхонаи мазкур тибқи фанновариҳои муосири туркӣ муҷаҳҳаз карда шуда, иқтидори солонааш тавлиди 45 ҳазор тонна ордро ташкил медиҳад. Ҳарчанд дар оғоз маҳсулоти тавлидшуда танҳо эҳтиёҷоти дохилиро қаноат медод, аммо ҳоло домани тавлидот фарохтар гардида, наздик ба 3 миллион доллар маҳсулоти он барои содирот муқаррар шудааст. Дар корхона барои инкишоф додани интегратсияи илму истеҳсолот дар соҳаи тухмипарварӣ фабрикаи хурди тухмӣ низ ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Ногуфта намонад, ки дар марҳилаи навбатӣ лоиҳаи бунёди истеҳсоли глютен мавриди татбиқ қарор дода шудааст, ки онро асосан барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ истифода мебаранд. Дар баробари ин, корхонаи истеҳсоли машрубот низ мадди назар мебошад, ки бо истифода аз технологияи олмонӣ дар 1 гектар майдони шафати корхонаи мазкур бунёд хоҳад ёфт. Маблағе, ки тақозо мегардад, 62 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.
Дурнамои ҷалби сармояҳо дурахшон аст
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров бо сармоягузорони чинӣ дидору мулоқот анҷом додааст, ки дар ноҳияи Фурқат лоиҳаҳои ояндадорро амалӣ мекунанд. Онҳо намояндагони ширкати чинии «Xing Tai Lang Tai Agriculture Technology Co., Ltd» мебошанд. Зимни вохӯрӣ дар бораи иқтидори сармоягузории минтақа, инфрасохтори мавҷуда ва имкониятҳо маълумот ироа шудааст. Соҳибкорони чинӣ дар ин ноҳия дар соҳаи кишоварзӣ татбиқи лоиҳаҳоро пешниҳод намудаанд.
Дар ҷараёни он механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо баррасӣ гардидааст. Тазаккур ёфтааст, ки аз ҳисоби ҷалби сармоя ва ташкили истеҳсолот ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Ҳокими вилоят омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои эълоншуда изҳор доштааст. Зимни вохӯрӣ тавофуқ шудааст, ки ҳамкориҳо бояд ба марҳилаи амалӣ гузаранд, тадбирҳои мушаххас муайян гардида, «харитаи роҳ» таҳия карда шавад. Ҳокими вилоят зарурати тезондани суръати корро таъкид кардааст. Дар поёни мулоқот миёни ҳокимияти вилоят ва ширкати «Xing Tai Lang Tai Agriculture Technology Co., Ltd» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Мактаб-интернат боз як имконият барои хунармандони ҷавон
Ин мактаб-интернат дар бобати рушди ҳунармандӣ ва тарбияи ҳунармандони ҷавон қадами хосе хоҳад буд, ки кушоиши он ҷавобан ба ташаббуси Сарвари давлатамон сурат гирифтааст. Дар ин ҷо намунаҳои корҳои эҷодии донишҷӯён ва намоишҳои санъати тасвирӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаб-интернати замонавӣ барои 240 ҷой муқаррар шудааст, ки ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили кандакорӣ, мебелсозӣ, зардӯзӣ ва наққошӣ ихтисос ёфтааст. Дар бинои мазкур барои донишомӯзон толори варзишӣ, ошхонаи дорои 64 ҷой, маҷлисгоҳ барои 126 ҷой, хобгоҳи умумии дорои 60 кат сохта шудааст. Гуфта мешавад, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҳамагй 9,2 миллиард сӯм харҷ гардида, корҳои сохтмону муҷаҳҳазкунӣ ба ҷо оварда шудаанд.
Ислоҳоте, ки бо ташаббуси Сарвари давлат дар самти рушду дастгирии ҳунарҳои миллӣ ва дигар соҳаҳо амалӣ мегарданд, натиҷаҳои босамар ба бор меоваранд. Қобил ба ёдоварист, ки Президент дар соли 2022 зимни сафари худ ба вилоят аз корхонаи оилавии «Усто Юсуфҷони Наққош» дидан карда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шудааст. Барои ҳамин тибқи дастуру супоришҳои муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои боз ҳам густариш додани санъати наққошӣ ва чӯбкорӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани он, зиёд намудани сафи ҷавонони иштиёқманд ин мактаб-интернат қомат рост намудааст.
Корнамоию фаъолияти Устои халқии Ӯзбекистон Муҳаммадалӣ Юнусов аз тарафи давлат ва ҳукумат қадр шудааст.
– Ман барои ба амал баровардани фаъолияти самарабахши мактаб-интернат ҳамеша ёрӣ мерасонам. Ҷавонон метавонанд ба ин ёрии амалиам такя кунанд ва маҳорати худро сайқал бахшанд. Он рӯз дур нест, ки ин муассисаи таълимӣ ҳунармандони зиёдеро ба воя мерасонад ва маҳсулоти тавлидкардаи онҳо ба бозорҳои хориҷӣ содир шуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб мекунад, – мегӯяд Муҳаммадалӣ Юнусов.
Маҷмааи нави савдо ва хидматрасонӣ бунёд меёбад
Дар ноҳия сохтмони як маҷмааи байналмилалии нави савдо, хидматрасонӣ ва фароғатӣ беш аз пеш вусъат пайдо кардааст. Он «Дӯстлик шаҳри» унвон гирифтаааст ва дар деҳаи марзии Ардашхон бунёд меёбад. Мувофиқи лоиҳа дар ин минтақа майдони махсус ташкил карда мешавад, ки дар онхо савдои маҳсулоти бофандагӣ, масолеҳи бинокорӣ, молҳои рӯзгор, инчунин фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ҳамчунин бунёди як маркази савдои замонавии сеошёна дар назар аст. Лоиҳа, ки арзиши умумии он 400 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, соли 2027 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 4 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад. Ин маҷмаа боз имкон медиҳад, ки дар як вақт 40 ҳазор кас аз хидмати он истифода кунад. Он ҳамчунин ба харидороне хидмат хоҳад кард, ки аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон ташриф меоваранд.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ҳафтаи гузашта аз ҷараёни корҳо дар сохтмони ин маҷмааи байналмилалӣ боздид намуд ва ба дастандаркорони он супориш дод, ки ба суръати сохтмон суръат зам намоянд, то ки дар муҳлати муқарраршуда он ба анҷом расад.
Минтақаи хурди саноатии «Мебелчиён» арзи вуҷуд мекунад
Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Эшон» сохтмони минтақаи хурди саноатии «Мебелчиён» идома дорад, ки тибқи талаботи технологияҳои пешрафта ва тарҳи муосир бунёд хоҳад ёфт. Дар доираи лоиҳа, ки 2 гектар майдонро фаро гирифтааст ва арзиши он 32 миллиард сӯм мебошад, боз 20 лоиҳаи нав татбиқ хоҳад шуд. Ин имкон медиҳад, ки беш аз 120 нафар сокинони ин ҷамоат бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.
Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).