Омӯзгор – ин танҳо шахси таълимдиҳанда нест, ӯ раҳнамои роҳи зиндагӣ, бунёдгузори маърифат ва тарбиятгарест, ки бо меҳру муҳаббат ва фидокорӣ рӯҳи наслҳои ояндаро парвариш менамояд.
Дар қатори касбу ҳунарҳои гуногуне, ки дар ҷомеа ҳастанд, омӯзгорӣ яке аз муқаддастарин ва пурмасъулияттарин касбҳост. Омӯзгор – ин танҳо шахси таълимдиҳанда нест, ӯ раҳнамои роҳи зиндагӣ, бунёдгузори маърифат ва тарбиятгарест, ки бо меҳру муҳаббат ва фидокорӣ рӯҳи наслҳои ояндаро парвариш менамояд.
Омӯзгорӣ касбест, ки бо дили соф дониш меомӯзонад, рӯшан мекунад ва меофарад. Маҳз дар оғӯши мактаб ва дар муҳити синфхона, ки фазои меҳру илму дониш болафшон аст, аввалин панду ҳикмат, аввалин ҳисси масъулият ва меҳанпарастӣ дар қалби шогирдон ҷой мегирад. Ва ин ҳама ба туфайли заҳмати беинтиҳои омӯзгор аст.
Омӯзгорӣ метавонад танҳо як ном бошад, аммо дар паси он олами пур аз фидокорӣ, меҳрубонӣ, садоқат, сабру тоқат ва фарҳангу дониш меистад. Ӯ на танҳо омӯзгори фанҳои дарсӣ, балки омӯзгори ахлоқ, одоб, таълим, тарбия, инсондӯстӣ ва зебоӣ мебошад. Дар ҳар як суханаш маърифат аст, дар ҳар як нигоҳаш умед ва дар ҳар як амалаш меҳру муҳаббат ба инсон ва ҷомеа.
Таҳқиқотҳои илмии соҳаи педагогика низ собит месозанд, ки симои омӯзгори асри XXI дигаргун шудааст. Ӯ на танҳо донандаи фан, балки психолог, тарбиятгар, тарроҳи барномаҳои таълимӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бошад. Технологияҳои нав ва рӯйдодҳои иҷтимоӣ эҳтиёҷи омӯзгоронро ба тавсеаи донишу малакаҳои худ зиёд намудаанд. Ва маҳз омӯзгорони соҳибсавод, навандеш ва меҳнатдӯст дар раванди ислоҳоти таълим нақши калидӣ доранд.
Агар ба таърихи халқи мо назар афканем, модарону омӯзгорони бузурге буданд, ки бо қаламу сухан ва рафтору фидокории худ мардумро бедор ва наслҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд. Имрӯз низ рисолати омӯзгорӣ танҳо дар омӯзонидани дониш не, балки дар шакл додан ба шахсияти инсони комил ва ватандӯст қарор дорад.
Мутаассифона, заҳмати омӯзгорӣ на ҳамеша пурра қадр карда мешавад. Аммо ҳар як муваффақияти шогирд, ҳар як пирӯзии донишомӯз, натиҷаи заҳмати беминнати ӯст. Ва ин беҳтарин мукофот барои омӯзгор мебошад – дидани пешрафти шогирде, ки бо дастони меҳрубони ӯ ба камол расидааст.
Имрӯз, дар замоне, ки ҷаҳон ба сӯйи илму технология ҳаракат мекунад, нақши омӯзгорӣ беш аз пеш муҳим гаштааст. Омӯзгор метавонад илҳомбахши ихтироъкорони оянда, роҳнамо барои олимони ҷавон ва пуштибони равшани маърифат бошад. Вай бояд ҳамқадами замон ва пайвандгари наслҳо бо арзишҳои миллӣ бошад.
Мо бояд ба омӯзгор эҳтиром гузорем, заҳматашро бишносем ва барои баланд бардоштани мақому манзалаташ кӯшиш намоем. Зеро бе омӯзгор ҷомеа наметавонад рушд кунад, миллат наметавонад ба камол расад.
Дар шароити муосир омӯзгор бояд на танҳо дониши фанниашро тақвият диҳад, балки шахсияти худ, рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ва қобилияти дарки замонро низ рушд диҳад. Омӯзгори замони нав бояд муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, вале ҳамзамон бо фарҳангу ахлоқи миллӣ бошад. Ӯ бояд байни илми ҷаҳонӣ ва арзишҳои миллӣ пули эътимод бунёд намояд.
Омӯзгор ҳаст, ки ба сухани шогирд гӯш медиҳад, дили ӯро мефаҳмад ва хомӯшона дасташро мегирад. Вай шояд аз хастагӣ нолад, аммо лабханд мезанад. Вай шояд шабҳоро бо санҷиши дафтарҳо рӯз кунад, аммо ҳеч гоҳ муҳаббатро аз дилаш кам намекунад. Зеро ӯ медонад: ҳар калимае, ки имрӯз мегӯяд, фардо метавонад тақдири як инсонро дигар созад.
Омӯзгор бояд бишносад, ки заҳмати ӯ абадӣ аст – ҳатто агар тоҷи шуҳрат бар сараш набошад. Зеро ҳар як шогирде, ки роҳи дуруст пеш мегирад, ҳар як ҷавоне, ки роҳи илму ҳунарро мегирад – ин хиште дар бинои миллат аст, ки бо дасти ӯ гузошта шудааст.
Ҷомеа, бояд ба омӯзгор арҷ гузорад. Ҳарфи ӯро бишнавем, эҳсоси ӯро эҳтиром кунем ва кору пайкорашро қадр намоем. Чунки бе муаллим миллат кӯр аст ва бе омӯзгорӣ – оянда торик.
Шоира Темирова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 10-уми ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.