«ХАЙР БОҒЧА, САЛОМ МАКТАБ!»

нидо доданд кӯдакон, ки барои мураббиён риққатовар буд...

Деҳаи хушҳавои Чунгул бо заминҳои ҳосилхез ва мардуми меҳнаткашу саховатпеша аз қадимулайём чун диёри пурфайзу баракоти ноҳияи Самарқанд машҳур. Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон дар ин минтақа низ ба таълиму тарбияти насли наврас диққату эътибори хоса зоҳир мешавад.

Кӯдакистони давлатии рақами 23-юми назди шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Самарқанд, воқеъ дар деҳаи Чунгул, яке аз беҳтарин ба ҳисоб рафта, лоиқи таҳсин мебошад.

Шаҳноза Шодиева, ки бо меҳнати ҳалолу босадоқаташ сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гардидааст, мудири он мебошад. Вай қариб 20 сол боз бо таълиму тарбияти насли наврас машғул гашта, ин касбро аз модари ғамхор ва падари бузургвораш омӯхтааст. Ӯ солҳои охир кӯдакистонро ба маънои томаш ба кошонаи дилнишину гуворои бачагон табдил додааст. Ин ҷо барои истироҳату фароғати онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Чанде пеш дар кӯдакистон тадбири «Хайр, боғча!» баргузор гардид, ки барои ҳозирон, хосатан кӯдакон хотирнишин буд.

Хурду калони деҳа сӯйи ҳавлии кӯдакистон, ки идона зебу зиннат ёфта буд, мерафтанд. Вале дар он субҳи пурфайзу пурбаракат қалби Шаҳнозабонуро эҳсосоти шӯрангез, ташвишу изтироби дигаре ба туғён меовард.

Аммо вақте ки нигоҳаш ба писаракону духтаракони хушлибоси дӯструяку беқарор афтод, эҳсосоти гуворое дар вуҷудаш туғён зада, осори изтиробу таҳлукаи ӯ тадриҷан аз байн рафт. Дере нагузашта кӯдакон дар либоси миллӣ ба забонҳои модарӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва ҳатто англисӣ шеъру сурудҳои дилошӯбу дилнишин иҷро карда, табъи ҳозиронро болида сохтанд.

Вақте ки «паррончак»-ҳои кӯдакистон «хайр, боғча!» гӯён бо волидони худ кошонаро як-як тарк намуданд, беихтиёр дар чашмони мудир ва мураббиён ашк ҳалқа зад.

– Бовар кунед, – гуфт бо оҳи бадард Шаҳнозабону, – ман ин сӣ нафар кӯдаконро чун фарзанду наберагони худам дӯст дошта, ба рафтору гуфтори онҳо одат карда будам. Акнун ба ман ғайр аз «роҳи сафед» талабидан дигар илоҷе нест...

– Дар ин кӯдакистон на танҳо наберагони ман, балки фарзандонам низ таълиму тарбия гирифта буданд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд педагоги собиқадор Мирсафо Камолӣ, – бо сарварии Шаҳноза Шодиева ҷамоати соҳибтаҷриба бо корҳои фоидабахши педагогӣ машғул ҳаст, ки мо, волидайн ва бобоҷону бибиҷонҳо сипосгузорӣ мекунем.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: