ХИШТ, КИ АЗ ҚОЛАБ КӮЧИД...

Бузургсол шудан гирад, одам солору фозилтар мешавад, мегӯянд мӯйсафедон. Аммо ин мард ба ҷойи солору хирадманд шудан девона шудааст. Сабаб чист? Шояд ғаму ғусса, шикаст ва азобу уқубати зиндагӣ ӯро ба ин ҳол оварда бошад? Лекин дар кадом рӯзгор камбудӣ нест? Мумкин писарон гапи падарро гӯш намекунанд. Коргурезӣ, ҷӯрабозӣ карда, бори гарони рӯзгорро намекашанд. Бо гузашти вақт чунин мушкилот ноаён таъсири худро мерасонанд.

Субҳи рӯзи ҷумъа хабари нохуш расид. Писари калони холаам нобаҳангом аз олам гузаштааст. Мувофиқи таомул миён баста, то бегоҳ азодорӣ кардем. Қарибии шом бо додари ӯ Қамарака хайру хуш карданӣ будам:

– Роҳат дур, рафта омаданат душвор. Гард хонаи ман, саҳарӣ ҳамроҳ меоем, – гуфт ӯ.

Ин таклиф ба ман маъқул омад ва мо суҳбаткунон равона шудем. То хонаи Қамарака тақрибан чил метр масофа монда буд, ки:

– Ин ҳаромибачаҳоро ба ҳеч куҷо бурдан даркор не, – бо овози баланд, дағалона сухан гуфтани зан ба гӯшам расид.

– Мошинсавор чарх зананд, дилашон кушода мешавад гуфтам-да, – худро сафед карданӣ мешуд мард.

– Ин паразитҳо чашмгурусна, – аланга гирифт зан. – Дар мағоза ба ҳама чиз часпида шарманда карданд.

– Хайр, ором шав! Бача-дия.

– Эъ, ин бебисмиллоҳ рӯйидаҳоро очаашон тарбия намекунад. Кай набинед, ду чашми ин сагбача ба телефон.

Бо гӯшаи чашм ба дарвозаи бонақшунигори калон кушода нигоҳ кардам. Дар назди сабукрави «Кобалт» зану марди миёнсол муноқиша мекарданд.

Баъди тановули хӯрок бо соҳибхона ба саҳни ҳавлӣ баромадем. Фосилае нагузашта чир-чиру доди кӯдакону вағар-вуғури калонсолон баромад.

– Кай аз ҳамин ҳавлӣ мекӯчаму рӯз мебинам, – ба гӯш расид овози маҳини ҷавонзан аз он ҳавлӣ.

– Ҳе, шумо ёфти падаршӯву модаршӯро хӯрда, бағбақа задагӣ, – паст наомад модаршавҳар ҳам.

– Даҳонатро пӯш, қанчиқ! – бо садои баланд ба кадоме аз онҳо фармон дод мард. – Бачаатро тарбия деҳ!

– Ман қанчиқ не! Занат қанчиқ. Даҳони занатро пӯш! – аррос зада ба ҳуҷум гузашт келин.

– Эъ, ту ҳаромӣ нону намакамро хӯрда, боз гапгардонӣ мекунӣ, – ба шӯр омад мард. – Баро! Аз хона нест шав!

– Эҳ-е. Чашматонро кофта мешинам. Дар вақташ розӣ нашудем, ба ҳолу ҷонамон намонда, понздаҳ маротиба рафта, таги дарвозаро охурча кардетон.

– Бас кунед, келин. Медонед мулоамакатон бадфеъл, чӣ мекунед гап гардонда.

– Шумо ҳам фаришта не, – гӯён арӯс дари хонаро тақаросзанон пӯшид.

Алангаи ҷанҷол оҳиста-оҳиста хомӯш гашт ва мо ба хона даромадем.

– Ҳамсояҳо антиқа-ку?! – гуфтам.

– Зӯр-да. Мо ба консерту театр намеравем, – бо лабханд гуфт Қамарака. – Ҳар ҳафта ду-се бор чунин радиоспектаклро гӯш мекунем, кифоя.

– Аз хонадоне, ки як рӯз ғурбату ҷанҷол мехезад, чил рӯз хайру барака мепарад, мегӯянд. Дар оилаи нотифоқ зиндагӣ мазмун ҳам надорад. Наход модаркалон набераҳои худро «ҳаромибача» «бебисмиллоҳ рӯйида», падаршӯ келинро «қанчиқ» гӯяд?! – гӯён ба тарафи Қамарака нигоҳ кардам. Ӯ аллакай дар хоби ноз буд.

Чаро ин арӯс далерона гапгардонӣ мекунад? Ҳатто аз падаршӯ намеҳаросад. Ҳа, то азобу шиканҷа аз ҷавҳари ҷонаш нагузарад, ба ин хел қарор намеояд, – зери лаб гуфтам. То дер вақт хоб ба чашмонам ақаллан роҳгузар нашуд. Кори дунё аҷиб, гӯри бетақар-туқур нест. Дар ҳар маҳалла ду-се оилаи нотинҷу ҷанҷолӣ ёфт мешаванд. Худо накунад, ки хишт аз қолаб кӯчад... Вақтҳои охир ҷангу ҷанҷол, асабвайронкунӣ, дилхунукӣ, дилсиёҳӣ дар байни оилаҳои ҷавон бисёр рух медиҳанд. Калонсолони ду тараф, вакилони маҳалла ба мобайн даромада, бо панду насиҳат пеши вайроншавии оиларо мегиранд. Хайр, байни зану шавҳар баъзан нофаҳмиҳо, гапҳои пасту баланд ба амал меоянд. Ду-се рӯз нагузашта боз чун пештара аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд. Лекин мағалу ғурбати байни падаршӯю келинро дар ин оҳанг шунида, аз ҳайрат гиребон доштам.

Бузургсол шудан гирад, одам солору фозилтар мешавад, мегӯянд мӯйсафедон. Аммо ин мард ба ҷойи солору хирадманд шудан девона шудааст. Сабаб чист? Шояд ғаму ғусса, шикаст ва азобу уқубати зиндагӣ ӯро ба ин ҳол оварда бошад? Лекин дар кадом рӯзгор камбудӣ нест? Мумкин писарон гапи падарро гӯш намекунанд. Коргурезӣ, ҷӯрабозӣ карда, бори гарони рӯзгорро намекашанд. Бо гузашти вақт чунин мушкилот ноаён таъсири худро мерасонанд.

Баъзан хоҳу нохоҳ шоҳиди чунин моҷароҳо мешавем. Шоме ба дидорбинии яке аз хешовандон рафтам. Ҳини суҳбат гап дар бораи рӯзи таваллуд рафт.

– Ҳафтаи оянда зодрӯзи Зокирҷон. Моҳона гирифтед? – пурсид келини ошноям аз шавҳараш.

– О келин, як моҳ пеш ба ҳавои хунук нигоҳ накарда, «ден рождений» меҳмони бисёр меояд, гуфтед. Пухту паз ва ҷойи калонро тайёр кардем. Хӯш, чанд кас омад? – норозиёна гуфт модаршӯ.

– Бо баъзе сабабҳо ҳама омада натавонистанд. Ба рӯзи таваллуди Зокирҷон, албатта меоянд. Ваъда доданд.

– Келинҷон, маърака шарт не, – ба насиҳат гузашт падаршӯ. – Ба кӯдаки дусола кӣ омаду кӣ рафт, аҳамият надорад. Ба пули хараҷоти дастархон ба писарча чизи дилхоҳатонро харида диҳед.

– Оилаи падарам, модаркалонам, тағою холаҳоям ба табрик омаданӣ. Ман бо кадом забон наоед, гӯям? – ба шӯр омад арӯс.

– Чаро бемаслиҳат кор мекунед, келинҷон? – бо мулоимат пурсид модаршӯ.

– Барои писарашон наход пули дадеш азиз бошад? – луқма партофт арӯс.

– Ба шумо гапи падаршӯву модаршӯ якпул будааст-да, келин?! Худатон хӯҷаину таъбатон вазир шудааст, – ғазаби падаршӯ аз маҳмадоногии келин ба ҷӯш омад.

Дидам, ки баҳсу мунозира ба ҷанҷол табдил мегардад, ба дастархон омин карда хестам. Соҳибони хона ҳам аз ҷой хеста, барои гуселам баромаданд.

Баъзан кори бемашварат, якравӣ ва худписандии арӯсон ҳам сабаби дилхунукиҳо мешаванд. Агар арӯс хушмуомилаву баодоб, ширинсухану рамузфаҳм бошад, ҳар камбудиву хатои ӯро волидайни шавҳар мебахшанд. 

Падару модар фарзандонро ба камол расонида, бо сад орзуву умед мехоҳанд аз оилаи нағз арӯс биёранд. Ҳеч кадом падару модар бадбахтии ҷигарбандашро намехоҳад. Нисбат ба модар, падари шавҳар ба келин бисёртар падарвор ғамхору меҳрубон мешавад. Зеро арӯс давомдиҳандаи наслу насабаш. Модаршӯ аз корҳои арӯс норозӣ бошад ҳам,  падаршӯ ба даҳони ҳамсар зада, оташи нафрату хусумати ӯро паст мекунад. Ҳар сарвари оила хушбахтии ҷавонон, оромиву осоиштагии оила, наберагони солимро мехоҳад. Вазифаи падару модар на танҳо хӯронидану пӯшонидан, балки муҳимтар аз он тарбия намудан ва ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдӯст ба воя расонидани фарзандон мебошад. Вазифаи мо – волидон ба фарзанд дар мавзӯъҳои оиладорӣ, муносибати зану шавҳар, рӯзгордорӣ, одоби меҳмондорию меҳмоншавӣ, муносибат ба хешу табори тарафайн зуд-зуд суҳбат кардан аст.

Дар хонадоне, ки китобу рӯзнома намехонанд, доираи ҷаҳонбинии аҳли оила ҳам танг мешавад. Мустаҳкамии оила ба хушсуханӣ ва ба забони муомилаву муоширати аҳли хонадон вобаста аст. Забон узвест, ки ҳам мувозинати бадан ва ҳам мувозинати хонаводаро барқарор мекунад. Агар забон ҳидоят кунад, дигар узвҳо низ рост мераванд. Касе, ки забонашро идора кардан метавонад, дар осоиштагиву амният зиндагӣ мекунад.

Комилҷон Ҷӯразода.

САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: