«ҶОИ ПАДАРИ ШУМО ДИГАР...»

Ҷалол Икромӣ, ки дар ибтидо шеър мегуфт, бо маслиҳати устод Айнӣ ба наср гузашт. Аввалин ҳикояаш «Шабе дар Регистони Бухоро»-ро маҷаллаи «Раҳбари дониш» ба табъ расонд (1927) ва бо ҳамин роҳи адиб ба «адабиёти калон» боз гардид.

Соли 1934 нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш бо унвони «Ҳаёт ва ғалаба» аз чоп баромад. Дар ҷодаи адабӣ қадамҳои устувор гузошт ва повести «Тирмор»-ро иншо намуд. Дар солҳои ҷанг низ самаранок эҷод кард, песаҳояш «Дили модар» ва «Хонаи Нодир» дар саҳнаи театрҳои драмавӣ намоиш дода шуданд. Дар асарҳои гуногунжанри давраиҷангиаш мавзӯи Ватан ва муборизаҳои бемислу монанди диловарони тоҷик дар арсаҳои набард инъикос ёфтаанд.

Баъдтар «Ситора», «Тори анкабут», «Ман гунаҳкорам» ва «Устоди ман, мактаби ман, худи ман» барин қиссаҳои ҷолиби ӯ дар шакли китоб ба дасти хонанда расиданд.

Ҷалол Икромӣ хусусан дар равнақи романи тоҷик саҳми арзанда гузошт. Адабиёти муосири моро бе дуҷилдаи «Шодӣ», «Саргузашти Сафармахсум» (бо ҳамқаламии Ҳабибулло Назаров), «Зоғҳои бадмур», «Хатлон» барин романҳои ӯ тасаввур кардан душвор. Сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» қуллаи эҷодиёти адиб ва беҳтарин романҳои таърихӣ дар адабиёти давраи навини тоҷик эътироф шудааст. Романи ба ҳаёти Туҳфа Фозилова бахшидааш «Гули бодом» баъди зиндагиро падруд гуфтани ӯ ҷомаи табъ ба бар кард.

*** 

Нависанда соли 1909 дар Бухоро ба дунё омадааст. Бобояш (падари падараш) Бадриддин аслан аз кӯҳистони Ховалинг буда, дар ибтидои асри нуздаҳ барои таҳсил ба Бухоро омада ва баъди мадраса ҳамин ҷо мондаву оиладор шуда будааст. Бадриддин писари худ Икромиддинро, ки аз тифлӣ хушзеҳн ва рағбати зиёд ба омӯзиш дошт, дар мадрасаҳо хононд. Икромиддин чун яке аз шахсҳои маърифатнок ном баровард ва дар давраи амирӣ солҳои зиёд дар шаҳри Бухорову атрофи он қозигӣ кард. Аммо кӯдакии фарзанди ӯ Ҷалолхон – набераи Бадриддини ховалингӣ, бо вуҷуди амалдории падар, басо вазнин гузашт. Дар дусолагиаш аз модар ҷудо шуд. Падараш низ ба беморӣ печид –мусибате, ки ба сари хонадон омад, ба Икромиддин сахт таъсир карда буд. Лозим омад вай дар чанд шаҳри Русия аз пайи табобат шавад.

Баъди бозгашт ба Бухоро Икромиддин Ҷалолхонро, ки ба ҳафт қадам мениҳод, ба мактаби куҳна супурд. Баъди инқилоб дабистонҳои нав кушода шуданд, Ҷалолхон таҳсилашро дар ин гуна мактабҳо идома дод. Соли 1922 омӯзишгоҳи омӯзгории Бухоро ӯро ба бар гирифт. Бо вафот кардани падараш дар соли 1923 вай зарбаи боз ҳам сахттари рӯзгорро ҳис кард ва куллан бепарастор монд. Вале саъй мекард иродатманд бошад. Соли 1927 омӯзишгоҳро ба итмом расонд ва ба Донишгоҳи Самарқанд дохил шуд. Аммо бинобар сангинии шароити моддӣ маҷбур гашт соли 1928 ин даргоҳро тарк намояд. Ҳамон сол ба Бухоро баргашт ва ба муаллимӣ машғул шуд.

Соли 1930 дар шаҳри Душанбе анҷумани умумииттифоқии забоншиносон баргузор гардид. Ҷалол Икромӣ чун вакил дар конфронс иштирок кард ва баъди он ба таври доимӣ дар пойтахти тоҷикон монд. Аввал дар Институти забон ва адабиёти тоҷики АФ, пасон дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» («Садои Шарқ»-и ҳозира) адои вазифа намуд ва ба корҳои илмию адабӣ машғул шуд. Хусусан домани насрро маҳкамтар дошт, бо ҳидоят ва дастгирии устодаш Айнӣ дар жанрҳои калони эпикӣ низ қалам санҷид ва ба яке аз адибони сермаҳсул табдил ёфт.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ тӯли 50 соли фаъолияти эҷодиаш, тавре дар боло ишора рафт, бо асарҳои мондагор ба рушди насри замонавии тоҷик саҳми муносиб гузошт. Вай ҳанӯз соли 1964 барои романи «Духтари оташ» ба гирифтани Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор шуда буд. Асарҳояш ба якчанд забонҳои дунё тарҷумаву нашр шудаанд.

Ҷалол Икромӣ хусусан дар Ӯзбекистон, дар байни адибони ӯзбек маҳбубият дошт. Зуд-зуд ба Тошканд ва Бухоро меомад, дар чорабиниҳои маънавӣ ширкат меҷуст. Қариб ҳамаи повесту романҳояш ба ӯзбекӣ баргардонда шудаанд.

***

Беҳтарин рафиқҳояш киҳо буданд?

Дӯстони ҳамқаламаш, албатта. Ба таъкиди духтараш Дилафрӯз, онҳо бо Фотеҳ Ниёзӣ дар ҳамсоягӣ мезистанд ва равуо доштанд, модараш Саодат замонҳое бо Бонухон – завҷаи Ҳаким Карим дугонаи наздик буд. Икромиву Улуғзода, Мирзо Турсунзодаву Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзодаву Фазлиддин Муҳаммадиев, то даврае ҳаёт буданд, хушӣ ва нохушиҳои ҳаётро ба ҳам медиданд.

Вале мураккабиҳои давр, хусусан, тӯфонҳои шадиди солҳои табъид чӣ қадар маъвоҳоро валангор, «хонаҳои меҳр»-ро хароб ва абгор сохт. Тавре дар давраҳои қадим ғуломонро ба ҳам ҷанг меандохтанд, ҳаракат мекарданд адибро бо дасти адиб маҳв созанд. «Аз болои ӯ нанависӣ, худат ба рӯзи сиёҳ меафтӣ».

Чунин рӯз ба сари Икромиву дӯстони ҳамқаламаш низ афтид. Вале вай, ҳарчанд «писари қозикалон» гуфта аз болояш навиштанд ва ёздаҳ моҳ дар зиндон буд, ба оне, ки (бо маҷбур кардани зимомдорони давр, албатта) аз болояш навиштааст, кина накард. Баъди баромадан аз ҳабс тавре вонамуд аз ҳамааш бехабар аст ва дӯстиашро давом дод.

Икромии ба озодӣ баромада дар пайдо кардани шуғл ва таъмини моддии оила ба мушкилот дучор шуд. Мителман (режиссёр) ва Бобоҷон Ғафуров дар ин масъала кумак карданд. 

Икромӣ якчанд шогирд тарбия кардааст, ки қисмате ба дараҷаи устодӣ расиданд (Ӯрун Кӯҳзод, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Маъруф Бобоҷон ва ғайраҳо). Лоиқу Гулрухсор барин шоирони давр низ Икромиро устод мешумурданд ва эҳтиром мекарданд. Гулрухсорро духтарашон барин медонистанд, гуфтааст духтараш Дилафрӯз Икромӣ.

***

Адиб ва арбоби давлатӣ Шароф Рашидов Ҷалол Икромиро бисёр ҳурмат мекард. Тавре Ҷонон – писари Икромӣ дар хотираҳояш қайд карда, аснои сафари падару писар ба Бухоро ва ба сабабе истода мондани мошинашон дар роҳ тасодуфан мошини Рашидовро дучор меоянд, ки наздашон қарор гирифт. Вақте роҳбари онвақтаи Ӯзбекистон фуромад, чун дӯстони самимие, ки дер боз якдигарро надидаанд, вохӯрданд.

Рашидов аз масъалаи хона мепурсад. Икромӣ мегӯяд дар Бухоро баъзе хешон ҳастанд, равуо канда нашудааст, вале аз манзиле, ки калон шудаам, ҳоло ному нишон нест. «Ин тавр бошад аз мо ба шумо як хона!» лабханд мезанад Рашидов ва ба ваъда вафо мекунад.

Собиқ кӯчаи Богдан Хмелнитскийи шаҳри Бухоро алъон кӯчаи ба номи Икромист.

***

Дар ҳаёти оилавии Икромиву Саодатбону рӯзҳои офтобӣ, даму соатҳои саодатнишон зиёд буданд. Зану шавҳар ба маънои воқеӣ хушбахт зиндагӣ карданд, фарзандоне, ки бо воя расонданд, аҳли фазл. Роҳати набераву абераҳо диданд.

Ҳаёт ҳаёт аст , омадан рафтан дорад. Дар пиронсолӣ ба фарзандон мегуфтанд, моро паҳлӯи ҳам гӯронед.

11 апрели соли 1993 Ҷалол Икромӣ амонатро супурд. Бо эҳтироми тамом ба боғи Лучоб гӯронданд. Бо вуҷуди иродатманд будан Саодатбону низ мисле «тамом» шуда буд. Фарзандон тасаллӣ додан мехостанд, ки падарамон рафта бошанд, мо ҳастем. Мегуфт: «Ҳеч кадоми шумо ҷой падаратонро гирифта наметавонед».

Баъди се соли марги шавҳар қалби Саодатбону низ аз задан бозистод. Вале имкон надошт дар паҳлӯи шавҳараш гӯронанд – фарзандон илоҷ надоштанд васияти волидонро ба иҷро расонанд. Модарашонро дар қабристони «Сариосиё» дафн карданд.

Вале дар Лучоб, дар паҳлӯи оромгоҳи Ҷалол Икромӣ лавҳаи ёдгории ҳамсараш низ гузошта шуда.

Ба санги мазори Икромӣ устод Лоиқ чунин катиба навиштааст:

Зи бас буданд ҳамдӯшу ҳамоғӯш,

Ба сар бурданд умре бо дили пок.

Саодатбонуву Икромӣ ин ҷо

Ҳамоғӯшанд андар ин дили хок.

Дуое, саҷдае, зикре Худоро,

Ба ин ду қуббаи хоки Бухоро.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

Дар сурат: нависанда Ҷалол Икромӣ бо ҳамсараш Саодат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: