Дар бахши ҳудудии Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд бо ҳамкории Маркази мадании тоҷикон «Ориёно»-и шаҳри Тошканд бахшида ба 80-солагии ҳомии илму фарҳанг, шахси китобхону китобдӯст ва соҳибкори номӣ Мурод Махсудов бо номи «Китоб ва китобхон» чорабинии адабиву фарҳангӣ баргузор гардид.
Бояд ёдрас намуд, ки Мурод Махсудов солҳои зиёд бо соҳибкорӣ машғул буда, ҳоло дар Маркази фарҳангии шаҳри Тошканд «Ориёно» ҳамчун муовини раиси он адои вазифа менамояд.
Раиси маркази мазкур Тоҷибой Икромов, оиди роҳи бузурги ибратшавандаро тай намудани мавсуф, инчунин дар чунин синну соли гиромӣ низ барои ҷавонон ҳам дар илмдӯстиву ҳам дар такмили соҳибкорӣ намунаи ибрат шуда тавонистани ӯ сухан ронд.
— Мурод Махсудов натанҳо беҳтарин китобхони адабиёти тоҷик дар шаҳри Тошканд, балки адабиёти ҷаҳон низ мебошад, — эътироф намуданд иштирокдорони чорабинӣ.
— Мо бо Маркази миллии фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» дар бораи ҳамкорӣ шартнома ба имзо мерасонем, ки чорабинии бошукӯҳи ҳолоина низ як кисми он аст, — гуфт роҳбари бахши ҳудудии Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд Дилмурод Иззатов. — Ният дорем, ки чорабинии навбатии фарҳангии худро бахшида ба 30 июл – Рӯзи дӯстии халқҳо баргузор намоем. Вохӯрии адабиву эҷодии имрӯза ба ман таассуроти калон гузошт. Азбаски нақши китобу китобхонӣ дар рушди маънавият ва фарҳанги халқ беҳамто аст, баргузории чунин чорабиниҳои эҷодии мисли имрӯза судманд хоҳад буд.
Барои иштирокдорони тадбир баромади М. Махсудов хеле таъсирбахш буд. – Дар солҳои бачагии мо, ки ба давраи баъди ҷанги дуюми чаҳон рост омад, беҳтарин машғулият китобхонӣ буд. Ман аз ҳамон вақт ба китоб ва китобхонӣ муҳаббат пайдо кардам ва то ҳол зиндагиамро бе он тасаввур карда наметавонам, – гуфт мавсуф. – Аз таҷрибаҳои кофӣ ба хулосае омадам, ки беҳтарин ғояҳо новобаста ба кадом соҳа бошад, аз одамони донишманду бомаърифат мебарояд. Чаҳони имрӯза, ки бо суръати баланд рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, аз хурду калон инкишофи ҳамаҷонибаро металабад, ки чунин тараққиёт танҳо тавассути хондан ва омӯхтан дастрас мегардад.
Мурод Махсудов яке аз муаммои доғи рӯз – тӯй ва маросимҳои он, ки имрӯз ба рақобати байни мардум табдил гардидааст, таваққуф намуда, гуфт, ки мо он маблағеро, ки дар давоми солҳо ҷамъ менамоем, набояд барои тӯйҳо, балки ақлу дониш ва маърифат пайдо кардани фарзандон, ҷисман солим ва дар зиндагӣ ҷойи муносиби худро ёфтани онҳо сарф намоем. Азбаски аз ҷаҳолат танҳо бо маърифат раҳо ёфтан мумкин аст, ҳамеша аз пайи илмомӯзӣ бошем. Мавсуф чунин ақидаҳои худро собит намуда гуфт, ки вақте рафиқу хешовандони ман аз Тоҷикистон ба меҳмонӣ омаданд, ман онҳоро ба театри калони операи Навоӣ бурдам. Спектакл ба забони италиёвӣ бошад ҳам, ҳама маънои онро фаҳмиданд, яъне санъат ва фарҳанг забони оммафаҳм доранд.
Дар охири чорабинӣ ба соҳибҷашн аз ҷониби намояндагони сафорати Тоҷикистон дар мамлакати мо ва ҳайати рӯзномаи «Овози тоҷик» туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.
Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».