Курсии мансаб ба ҳеҷ кас вафо намекунад, имрӯз ҳастӣ, пагоҳ не. Лекин одамгарӣ мемонад.
Вақте хурд будам, мехостам зуд калон шавам. Ҳоло ки 37 солаам, доим ёди бачагӣ мекунам...
***
Омӯзгор будан на ба хотири пулу мансаб. Ин масъулият аст, ки дили поку виҷдони соф лозим аст.
***
Худованди бузургро,
Модару падарро,
Ватани азизро
То охири умр дӯст дорем.
***
Касе, ки ба зиндагии дигарон ҳасад мебарад, аз зиндагии худаш қафо мондааст.
Аз паси мо пулу мол намемонад. Фақат ном мемонад. Биёед, номи нек боқӣ монем.
***
Вақте касе мегӯяд: «Адолат куҷост?» — чаро мо ӯро хомӯш ё танқид мекунем? Ба ҷойи ин бояд имконият диҳем, ки ҳар кас озодона фикри худро гӯяд.
***
Баъзе одамон мансабро он қадар дӯст медоранд, ки ҳатто одаму одамгарӣ ва росткориро фаромӯш мекунанд — танҳо барои нигоҳ доштани курсии худ.
***
Бисёр одамон дандонҳои солими худро бо тилло иваз мекунанд, ҳатто дандони ақлашонро низ — на барои табобат, балки барои намоиш.
Чаро?
Бунёдҷон Шоматов,
ноҳияи Сӯх.