НЕКИИ ХУДРО МИННАТ НАКУНЕД!

Як ҳамдеҳаам духтарашро ба шавҳар доданӣ шуду ба тӯй додари дар Русия барои кор рафтаашро таклиф кард. Додар ҷойи хурсанд шуда, табрик кардан ба акояш: «шумо аввал қарзи аз ман гирифтаатонро баргардонеду сонӣ тӯй кунед», – гӯён эрод гирифт.

Алҳол дар ҷамъият сафи одамони неку дасткушод, ҳимматбаланд, хайрандешу хайркор меафзояд. Бо шарофати онҳо баъзе мушкилоти шахсони муҳтоҷ ҳам ба қадри ҳол ҳаллу фасл мешавад.

Аммо бинобар надонистани расму оинҳои миллӣ, урфу одатҳои аҷдодӣ, ошно набудан бо осори алломаҳои гузашта ва ғайра дар байни хешу табор, ҳамдеҳагон, бародарону хоҳарон меҳру шафқат, эҳтироми якдигар коста мешаванд. Аксар бо атрофиён фақат бо назардошти манфиати худ муомила мекунанд. Дар натиҷаи ин бисёриҳо дар гузаронидани тӯй, маъракаҳои гуногун дасткӯтоҳӣ кашида, қарз мегиранд ва пас барои пулёбӣ ба хориҷ мераванд, ҳам худ ва ҳам аҳли оилаашонро азият медиҳанд.

Падарам ҳикоя мекарданд, ки солҳои сиюми асри гузашта се писари додари бобоям 4-7 сола мешаванд. Амаки падарам аз сабаби нодорӣ онҳоро хатнасур карда наметавонистааст. Аз ин рӯ бобоям бузи ширдеҳи хонаашро дар бозор фурӯхта, пулашро ба додараш дода гуфтааст, ки 5-6 кило биринҷу равған ва гӯшт хариду ба мардум ош дода, хатнасури писарчаҳояшро гузаронад.

Ё бигирем, солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро. Мардуми мо дусад ҳазор кӯдакони ятиммондаи миллатҳои гуногунро бо оғӯши худ гирифта, худ нимгурусна бошанд ҳам, онҳоро парвардаанд.

Имрӯз баъзан акси инро мебинем. Як ҳамдеҳаам духтарашро ба шавҳар доданӣ шуду ба тӯй додари дар Русия барои кор рафтаашро таклиф кард. Додар ҷойи хурсанд шуда, табрик кардан ба акояш: «шумо аввал қарзи аз ман гирифтаатонро баргардонеду сонӣ тӯй кунед», – гӯён эрод гирифт. Бародараш «додар, ман баъди гирифтани ҳосил пулатро медиҳам», гӯяд ҳам, ӯ розӣ нашуд. Модараш моҷарои байни писаронро шунида, бемор шуд ва ба беморхона афтод. Писари калонӣ автомобилашро, ки се моҳ пеш харида буд, фурӯхта қарзашро канд, модарашро табобат карда, тӯяшро гузаронд.

Мутаассифона, чунин ва аз ин ҳам бадтар мисолҳо кам нестанд. Ин нишонаи аз маънавияти миллӣ, аз ҳикмату ривоятҳои ниёгон дур будан аст.

Аз ин лиҳоз мушоҳида кардаем, ки дар арафаи ид ва рӯзҳои саид баъзе шахсон ба ночоре каме кумак карда, сонӣ солҳо онро гуфта мегарданд. Ин гуна рафтор хоси савоби хайрро мепаронад.

Аз чунин хайру эҳсони баминнат накардани он хубтар аст.

Бинобар ин мо бояд аз ҳикоя ва ривоятҳои бузургону гузаштагони баору нанги худ хабардор бошем, аз онҳо хулосаҳои зарурӣ барорем ва ба эҳтироми якдигар, пайи ёрии беминнат ҳаракат кунем.

Назирҷон Эргашев,

ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: