ФАРИШТАИ НАҶОТБАХШ

«Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ мебошад». Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки на танҳо барои худ, балки барои дигарон низ зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо амалу рафтор, сухану гуфтор ва нияти пок ба беҳбудии дигарон мекӯшанд. Онҳоро метавон инсонҳои фидоӣ номид.

Донишу таҷриба, инсондӯстӣ ва фидокории мутахассисони тиб дар соҳаи ҳифзи тандурустии халқ шоёни таҳсин аст. Касби табибони дилчасп, ки барои саломатии инсон масъуланду барои пойдор гардондани ҳаёти онҳо содиқанд ва савганд додаанд, ки ба ҳама баробар хидмат кунанд, бемислу монанд аст. Дар Ӯзбекистони Нав таҳким бахшидани тандурустии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷа муайян гардидааст. Бояд қайд кард, ки ҳукумати Ӯзбекистон ба ҳифзи тандурустии аҳолӣ ва рушди соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъмини хидматрасонии босифати аҳолии мамлакатро дар мадди аввали сиёсати иҷтимоӣ қарор додааст. Бар дӯши табибон бори масъулияти бошараф гузошта шудааст, ки он бедор кардани ҳисси умеду боварии одамон мебошад.

***

Дар ҷаҳони тиб, нафароне ҳастанд, ки наҷотбахши инсон дар лаҳзаҳои душвортарини зиндагианд – он лаҳзаҳоест миёни зиндагӣ ва марг, умед ва ноумедӣ.

Реаниматология соҳаи махсуси тиб мебошад, ки бо табобати бемориҳои вазнин, махсусан дар ҳолатҳои эҳё ва нигоҳдории ҳаёти беморон пас аз садама, вазъи фалаҷкунанда сарукор дорад. Табиби реаниматолог на танҳо маърифати амиқи тиббӣ, балки бояд қобилияти қабули қарорҳои фаврӣ ва дурустро дошта бошад.

Вазифаи асосии табиби реаниматолог таъмини фаъолияти устувори узвҳои муҳими ҳаётӣ – дил, шуш, мағз ва дигар узвҳо мебошад. Дар шуъбаҳои реаниматсия, ки барои нигоҳдории беморони вазнин муқаррар шудаанд, мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва доруҳои махсус кӯшиш мекунанд, ки вазъи беморонро субот бахшанд ва онҳоро аз марг наҷот диҳанд.

Реаниматологҳо барои ба даст даровардани натиҷаҳои беҳтарин аксаран бо мутахассисони дигар – ҷарроҳон, пизишкони умумӣ ва ҳамшираҳои касбӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Дар ҷомеаи имрӯза, ки шумораи бемориҳои ногаҳонӣ ва садамаҳо афзоиш меёбад, нақши реаниматолог беш аз ҳарвақта муҳим аст. Онҳо бо меҳнати беандоза ва далеронаашон на танҳо ба наҷоти ҳаёт кумак мекунанд, балки ба оилаҳо умеди нав мебахшанд.

Реаниматолог қаҳрамонест бидуни ниқобу тантана. Қаҳрамонест, ки ҳар рӯз бо оромиву эътимод зиндагиро ба онҳое бармегардонад, ки умеди охиринашон танҳо ӯст.

***

Реаниматсия гӯё майдони ҷангест барои ҳаёт. Дастаи эҳёгарон бо таҷҳизоти замонавӣ, дониши клиникӣ ва қобилияти барқарор кардани фаъолияти ҳаётан муҳими узвҳо беморонро наҷот медиҳанд. Табиби эҳёгар ҳамеша дар омодагӣ аст – новобаста аз шаб ё рӯз. Пас ҳар боре, ки калимаи «реаниматолог»-ро мешунавед, бидонед – паси он ҳаётҳои наҷотёфта, дилҳои дубора тапанда меистанд.

***

Дар ҳар бемористон, шояд нафаре бошад, ки ҳар рӯз бо масъулият бо марг рӯбарӯ мешавад. Дар Маркази тиббии ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон яке аз чунин шахсиятҳо – табиби эҳёгар Саломат Рустамова беш аз 26 сол аст, ки фаъолият мебарад, одамонро наҷот мебахшад.

С. Рустамова соли 1974 таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаби 35-уми ноҳия ба Донишкадаи тиббии Андиҷон дохил мешавад. Дар байни ҳамсолонаш бо илмдӯстию меҳнатдӯстиаш фарқ мекард. Иштироки ӯ дар анҷуманҳои илмии ҷумҳуриявию байналхалқӣ беҳуда набуд. Духтури оянда дар назди худ мақсад гузошта, асрори касби интихобкардаашро бо ғайрати тамом омӯхт.

***

Саломат ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ ба равияи анестезиология ва эҳёгарӣ майл дошт. Ӯ медонист, ки ин роҳ осон нест, вале орзуи кумак ба одамон, бахусус дар лаҳзаҳои душвортарини зиндагӣ, ӯро аз роҳи худ нагардонд: «Аз кӯдакӣ ман ҳашарот ва лӯхтакчаҳоро «табобат» мекардам, фанҳои дӯстдоштаам кимиё ва биология буд. Пас аз хатми донишкада соли 1997 ба интернатура дохил шуда, дар шуъбаи эҳё кор кардам. Ҳар як дақиқа дар бахши эҳё метавонад сарнавишти инсонро дигар кунад. Ин ҷо бемор ё эҳё мешавад, ё аз даст меравад», – мегӯяд ӯ.

– Кори табиби эҳёгар бе даста ғайриимкон аст: ин ҷангро танҳо бурда наметавонӣ. Ҳамшираи шафқат, ёрии таъҷилӣ ва оилаҳои беморон як қисми дастаанд.

Палатаи эҳё, ки онро бисёриҳо намебинанд, саҳнаест, ки мӯъҷизаҳо рух медиҳанд. Вақте ки фаъолияти дил бозмемонад, нафаскашӣ қатъ мешавад, дастаи эҳё таҳти роҳбарии чунин табибон вориди палата мешаванд.

Яке аз ҳодисаҳои пурасари кории Рустамова, наҷоти як духтари 7-сола буд, ки дар ҳолати коматоз (беҳушии амиқ) баъд аз садама ба бемористон оварда буданд. Кори шабонарӯзии даста ва роҳбарии бевоситаи ӯ буд, ки духтарак баъд аз 4 рӯз ба худ омад. Ҳоло ӯ ба мактаб меравад ва ҳар сол ба бемористон омада, бо шукри сипос аз «фариштаи наҷотбахшаш» дидан мекунад.

Аксар вақт, номи табиби эҳёгар дар рӯйхати мукофотҳо намеояд.Онҳо мисли муҳофизони ноаёнанд: хомӯш, содиқ, вале муҳим. Онҳо медонанд, ки кори онҳо на барои шуҳрат, балки барои ҳаёт аст. 

«Мо на барои эҳтиром, балки барои виҷдон кор мекунем. Агар як инсонро наҷот диҳем, гӯё тамоми дунёро наҷот додаем, ҳар бемор барои мо як олам аст. Вақте шахсро аз марг наҷот медиҳӣ ва баъд мебинӣ, ки ӯ ба ҳаёти маъмулӣ баргашт, ин беҳтарин мукофот аст. Баъзан мо дар соатҳои зиёд бедармон кор мекунем, лекин вақте ки шумо дар чеҳраи оилаи бемор шукргузорӣ мебинед, ҳама хастагӣ фаромӯш мешавад»,– мегӯяд  бо фурӯтании хоси худ қаҳрамони мо.

Бале Саломат Рустамова барин инсонҳо рамзи умед, ирода ва инсонпарвариянд.

Мағфират Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: