АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР...

Раъно Камолова аслан аз деҳаи Боғимайдон буда, баъд аз хатми мактаби миёна ва олӣ дар мактаби зодгоҳаш зиёда аз 40 сол ба фарзандони халқ таълиму тарбия додааст. Соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» мебошад.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Абдураҳмони ҶОМӢ.

Дар ёд дорам, солҳои 1972-1982, ки дар мактаби миёнаи рақами 25-уми ноҳияи Самарқанд таълим мегирифтем, ба мо устодони бисёр дарс медоданд, ки бо фазилатҳои хуби инсонӣ, донишу таҷриба дар байни мардум соҳиби иззату эҳтиром буданд. Инҳо Муҳтарама Пирмуҳаммедова, Сайёра Турсунова, Раъно Камолова (ёди некашон ҳамеша дар хотир) ва дигарон буданд. Аммо ягона муаллимае, ки сарвари бачаҳо ва наврасон буду дертар вазифаи директории мактабро бар дӯш дошт, Раъно Камолова буд, ки тавсифаш дар як мақола нағунҷад.

Раъно Камолова аслан аз деҳаи Боғимайдон буда, баъд аз хатми мактаби миёна ва олӣ дар мактаби зодгоҳаш зиёда аз 40 сол ба фарзандони халқ таълиму тарбия додааст. Соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» мебошад.

Аз соли 1986 вақте дар ноҳияи Самарқанд бори вазифаҳои гуногунро бар дӯш доштам, фазилати баланди инсонӣ, тамкин ва хайрхоҳии ин зани хушсурату хушсират нисбати ҳамкорон эҳтироми маро ба он кас бештар мекард. Биноан, чашми меҳрбори кормандони маориф низ ба ин зани бомаданият ва зебу файзи ин даргоҳи муътабар дӯхта мешуд. Аз он фахр мекардам, меболидам, ки муаллимаи мунису оқилаам, ки вуҷуди хешро бо донишу хирад зинат додааст, дар малоҳату сабоҳат бемисл ва дар маърифату фаросат намуна аст. Дар рафтору кирдор, одоби муоширату муомила, тарзи сухангӯӣ ва либоспӯшӣ аз дигарон фарқ мекард. Таҷрибаи зиндагӣ борҳо исбот кардааст, ки дар ҷое зан ҳаст, бахусус зани оқилаю доно, мардон бо истиҳола ва хушрафтору нармгуфтор мешаванд. Оре, зан ҳаст, ки олам мунаввар, қалбҳо аз шодию нишот, меҳру муҳаббат ва зебоӣ лабрез аст. Ба ин маънӣ устод Мирзо Турсунзода хеле хуб гуфтааст:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Директори собиқадор Раъно Камолова бе муболиға васлгари занҷири дӯстиву рафоқати ҳамкорон буд. Ҳеч гоҳ намегузошт, ки дар байни онҳо ягон нотифоқӣ ё озурдагие рух диҳад.

Он солҳо, ки ноҳияҳои ҳозираи Тойлоқу Самарқанд як буданду корбарӣ душвор ва донишу меҳнати зиёдро талаб мекард, ман зуд-зуд аз суҳбатҳои Сайёра Турсунова ва Раъно Камолова баҳраманд мегаштам. Бо лутфу меҳрубонӣ маро огоҳ мекарданд, ки аз маҳалгароёни бадғараз, суханчинҳои хушомадгӯй дур гардам ва ҳамчун хоҳарони мушфиқ маслиҳатҳои дӯстона медоданд.

Ба қарибӣ ҷамоаи Академияи фанҳои Тӯрон, бо назардошти меҳнатҳои шоистаи муаллима, ӯро бо нишони сарисинагии «Садриддин Айнӣ» мукофотонид.

Раъно Камолова зани ситорагарм, хушсухан, хушмуомила буда, дар пешрафти кори пуршарафи таълиму тарбия хидматҳои шоиста кардааст.

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,

Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.

Дареғу дард. Ҳамеша ғайричашмдошту ғайриинтизор, ногаҳон дармерасад марг ва дили хешу пайвандон, ёру дӯстонро реш-реш мекунад. 6 июни соли 2025 хабари фавтидани муаллимаи дӯстдоштаи шогирдон, собиқ директори мактаби миёнаи рақами 25-уми ноҳияи Самарқанд Раъно Камолова, ки беш аз чил соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст, ҳамаро ғамгин сохт.

Ифтихор Раҳимов,

корманди Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи ходимони таълим ва илм дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: