ДОНИШИ НАЗАРИИ ДОНИШҶӮЁН БО АМАЛИЁТ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Донишкадаи давлатии омӯзгории Нуқус ба номи Аҷиниёз яке аз муассисаҳои олии таълимиест, ки дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои дорои маълумоти олӣ таърихи тӯлонӣ ва арзишҳои хоси худро дорад.

Ҳоло дар институт 10 факултет, 2 шуъба, 32 кафедра мавҷуд. Зиёда аз 17 ҳазор нафар писарону духтарон дар 26 самти таълимии бакалавр ва 19 самти магистратура таҳсил мекунанд.

Барои гузаронидани корҳои лаборатории донишҷӯён, магистрант, докторант ва профессорони факултаи табиатшиносӣ аз ҳисоби маблағи Бонки исломии рушд 592 миллион сӯм, инчунин ба маблағи 27 ҳазор доллар таҷҳизоти муосири лабораторӣ оварда шудааст.

Хонаҳои лаборатории факултаи физика-математика, ки барои дарсҳои амалӣ пешбинӣ шудаанд, бо таҷҳизотҳои ширкати «LD Didactic GmbH»-и Олмон муҷаҳҳаз гардида, профессорону омӯзгорон тибқи нақша дарсҳои лабораторӣ мегузаронанд.

Дар сурат: дар Институти давлатии педагогии Нуқус барои баланд бардоштани дониши назариявӣ ва малакаи амалии донишҷӯён шароити кофӣ фароҳам оварда шудааст.

Суратгир: М. Ҳабибуллоев (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: