НАМОИШГОҲИ ШАХСИИ МУСАВВИР

Дар корвонсаройи Академияи бадеии Икуо Хироямаи пойтахт намоиши шахсии рассом Ҳасан Саидов, ки зери унвони «Духтари бадахшонӣ» баргузор гардид, наздик ба 50 адад эҷодиёти ӯ ҷой гирифтааст.

Рассом дар он манзараҳои табиати Осиёи Миёна, таърихи он, чеҳраҳои одамони заҳматкаш ва баъзе намунаҳои ҳаётро кашидааст.

Дар экспозитсия як қатор намунаҳои эҷодии рассом, аз ҷумла: «Бадахшонӣ», «Духтари Бадахшон», «Модари Бадахшон», «Намози пеш аз сафар», «Маҳалла», «Манораи кӯҳнаи Хива», «Кӯчаҳои Навоӣ», «Расми девори Самарқанд», «Кӯчаи Навоӣ–Ӯш», «Ӯши кӯҳна», «Ансамбли рақсии Сумалак», «Хушдоман», «Помир» ва ғайраҳо ҷой доранд.

Рассом дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ба дунё омадааст. Дар Донишгоҳи расомии ба номи П. Бенков таҳсил гирифта, баъдан дар Донишкадаи театр ва рассомии Тошканд таҳсилро идома додааст.

Бо мукофоти ба номи Бобур тақдир шудааст.

Ҳасан Абдуназаров.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: