Зодаи деҳаи Қалъаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Алиҷон Каримҷонов ҳанӯз соли 1990 дар мавзӯи «Дастур оид ба такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда буд.
Вай ҳоло яке аз педагогҳои шинохта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ аст ва баробар бо фаъолияти омӯзгорӣ корҳои пажӯҳишӣ марбут ба масъалаҳои гуногуни таълими ибтидоиро муташаккилона пеш мебарад. Муаллифи 6 китоби дарсӣ, 1 монография, 10 барномаи таълимиву методӣ мебошад, ки аз тариқи нашриётҳои бонуфуз, маҷаллаҳои илмии хориҷӣ ва ОАК ба табъ расидаанд. Қисми зиёди рисола ва мақолаҳои илмӣ-тадқиқотиаш ба тоҷикӣ навишта шудаанд. А.Каримҷонов ба русӣ ва ӯзбекӣ низ хуб балад аст ва бо ин забонҳо маърӯза мехонад, дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ баромад мекунад. Вале бо тоҷикӣ салис ҳарф задан, ба забони модариаш муҳаббати беандоза доштани зикршуда хусусан ба мо – ҳамдиёронаш, мамнунӣ ва ифтихор мебахшад.
Алиҷон Каримҷонов баъди хатми дабистони таълими умумии ба номи Амиралӣ Саидбекови ноҳияи Риштон соли 1969 ба Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳуҷҷат супурд ва аз имтиҳони қабул сарбаланд гузашт. Соли 1973 муассисаи таълими олии мазкурро бо ихтисоси педагогика ва таълими синфҳои ибтидоӣ ба итмом расонд. Асное дар яке аз мактабҳои миёна ба сифати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият мебурд, дониши амиқ ва маҳорати хуби касбиаш ба зуҳур омад ва ӯро соли 1976 ба кафедраи педагогикаи донишкадае, ки дар он таҳсил карда буд, даъват намуданд. Дар ин ҷо то соли 1983 фаъолият бурд ва ба шуъбаи маорифи халқи вилояти Ленинобод ба кор гузашт. Се сол методист-нозири синфҳои ибтидоӣ дар идораи таълими халқи вилоят буд.
Каримҷонов ба Тошканд омад. Дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Низомӣ таҳсил намуд. Ба Хуҷанд баргашт ва баъди дифои номзадӣ ҳамчун дотсенти кафедраи педагогикаи факултаи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, ҳамзамон дар Институти баландбардории дараҷаи ихтисоси муаллимони вилоят фаъолият бурд.
Тақдир ӯро боз ба пойтахти ҷумҳурии мо пайваст. Солҳои 2000-2007 дар Донишкадаи омӯзгории ба номи Низомӣ ба ҳайси дотсенти кафедраи педагогика ва психология фаъолияти педагогиашро идома бахшид. Баъдан чун корманди Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии Институти педагогии ба номи Низомӣ (феълан Донишгоҳи давлатӣ) сидқидилона адои вазифа кард.
Каримҷонов аз соли 2018 дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ мебошад. Назарсанҷиҳо дар муассисаи таълимӣ нишон доданд, ки мавсуф дар кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ чун устоди касби хеш самаранок фаъолият пеш мебарад, машғулиятҳои назарӣ ва амалиро дар сатҳи баланди илмӣ-методӣ ташкил менамояд. Дар дарсҳои ӯ технологияи муосири иттилоотӣ-педагогӣ, захираҳои таълимии мултимедиявӣ васеъ ва бамаврид истифода мешаванд. Барои таҳкими донишҳои илмию назариявии донишҷӯён маводҳои электронии www.ziyonet.uz, www.gov.uz www.lex.uz низ мавриди истифода ва корбаст қарор меёбанд.
Барои он ки донишҷӯён маълумоти боз пурратар марбут ба фанҳои методикаи таҳсилоти ибтидоиро соҳиб гарданд, Алиҷон Каримҷонов чун устоди соҳибтаҷриба дар вақтҳои зарурӣ имкониятҳои истифода аз презентатсияҳои электронӣ, маводҳои ауидо-видеӣ ва варақаҳои махсус оид ба технологияи нави педагогиро барояшон фароҳам месозад.
Ҳамчун дотсенти кафедра дар таъмини методии раванди таълим дар дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ низ фаъолона иштирок менамояд.
Якчанд китоби дарсӣ, адабиётҳои таълимию методӣ барои донишҷӯёни бакалавриат ва магистратураи таҳсилоти олӣ, аз қабили «Асосҳои идоракунии низоми педагогӣ», «Идоракунии системаи таълимӣ», «Методикаи таълими таълим», «Методикаи таълими хаттотӣ», «Маҳорати педагогӣ», «Асосҳои меъёрии низоми идоракунӣ»-ро таълиф ва пешкаши умум гардондааст, ки онҳо нафақат барои толибони илм, ҳамчунин барои омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавону ҷӯяндагони илм чун дастуруламал хидмат менамоянд.
А. Каримҷонов айни замон муаллифи як қатор гузоришот оиди мушкилоти таълими ибтидоӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳои илмии хориҷӣ чоп шудаанд. Монография ва рисолаҳояш бо унвони «Проблемаҳои таълим дар синфҳои ибтидоӣ» ва «Раҳнамои такмили малакаи омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ» рӯйи нашр дида ва аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа баҳои муносиб гирифтанд. Вай айни замон узви ҳайати таҳрири як қатор маҷаллаҳои илмӣ-методист.
Каримҷонов вазифаҳои ҷамъиятии дар зимма доштаашро ҳам сидқан ба иҷро мерасонад. Ҳамчун раиси комиссияи сифати факултаи таълими ибтидоӣ ва узви Шӯрои факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва омӯзгоре, ки дар ҳар ҷабҳа ба дигарон намуна аст, дар ҷамоаи меҳнатӣ соҳибэҳтиром мебошад.
Мавсуф муддате дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-муҳандисии Чирчиқ низ ҳамчун педагог кор кард ва баробари омӯзгорӣ тадқиқотҳои илмӣ оиди педагогика ва таълими ҳарбӣ дар муассисаҳои таълими олиро пеш бурд ва рисолаҳо таълиф сохт. Дар ин бахш «Педагогикаи ҳарбӣ» (2005), «Тарзи корбарии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар муассисаҳои таълимӣ» (2020), «Муаммоҳои таълимию тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (2021) барин маҷмӯаҳояш нашр шуданд ва ҳанӯз мавриди истифода мебошанд.
Бо мутолиаи «Алифбо ва ҳиссаҳои нутқ», «Забони тоҷикиро меомӯзем» барин маҷмӯаҳои омӯзгор ва муҳаққиқи дақиқназар Алиҷон Каримҷонов, ки асосан баҳри кумак ба муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ таълиф шудаанд, муҳаббати хоси муаллиф нисбати забони модариамонро ҳис кардан мумкин.
М. Шодиев.