Дар ҳаёти имрӯзаамон бисёр шунидаем: Духтарро хононда чӣ мекунӣ?! Хоҳу нохоҳ ба шавҳар медиҳӣ. Аз хондани вай чӣ фоида! Беҳуда пул сарф макун!
Оре, мутаассифона, чунин ақида дар байни мардум ҷой дорад. Лекин он имрӯз, яъне то дар низоми таълими олӣ ба миён омадани таҳсили қарордодӣ пайдо нашудааст. Камбағалдухтарон аз дарёфти маърифату таълим маҳрум буданд. Дар гузашта танҳо духтарони амалдорон, амиру хон, ҳокиму мударрисҳо саводнок мешуданд. Баъд баъзе шоир ё омӯзгор гардида, ба духтарони дигар сабақ меомӯзонданд. Беш аз ҳазор сол муқаддам устоди устодони шеъри Шарқ, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фармуда буд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Аммо сарфи назар аз монеаҳо дар қарнҳои гузашта аз ҷумлаи бонувон низ мактабдорон, шоираву нависандагон ба камол расидаанд ва дар саҳифаҳои таърих ба унвони занони маърифатпарвару худогоҳ сабт шудаанд. Яке аз онҳо, бешак Дилшоди Барно будааст, ки бо чароғи маърифат роҳи садҳо духтарони маҳаллиро равшан кардааст.
Вале барои Дилшоди Барно, ки ӯро дар адабиёти ҳавзаи адабии Қӯқанди асри XIX ва ибтидои асри XX ба сифати шоираи ӯзбек ҳам ба қалам медиҳанд, роҳи омӯзиши маърифат равону осон набуд. Ба чанд нақл аз тарҷумаи ҳоли ӯ, ки барои мо тавассути асарҳояш «Таърихи муҳоҷирон», «Таърихи муҳосира», «Ӯротеппага хати муштоқона» баён кардааст, таваҷҷуҳ фармоед.
Бино ба далелҳое, ки академик Аҳрор Мухторов дар китоби баарзиши худ «Дилшод и ее место в истории общественной жизни таджикского народа в XIX начале XX в.в.» овардааст, падари Дилшод Раҳимқул аз сӯфиёни шоиртабиати шаҳри Истаравшан будааст. Дилшод дар маҳаллаи Мири мушони шаҳри мазкур тахминан соли 1800-1801 таваллуд мешавад. Баъдтар вақте забони ӯзбекиро дар Қӯқанд омӯхта, ашъори ӯзбекӣ ҳам мегуфт, ба ҷойи таваллуди худ ишора карда менависад:
Мани аслим эрур оламга равшан,
Таваллуд манзилимдур Истаравшан.
Истилои Истаравшан аз ҷониби хони Қӯқанд Умархон дар соли 1816 ба сари ҳазорон сокинони ин шаҳр бадбахтию фоҷиаҳои зиёдро бор кард. Дилшод баъд аз ин таҷовуз дар «Таърихи муҳоҷирон» менависад, ки «Се сол муқаддам аз вабо модарам фавт ёфта ва падарам талаф шуда, сараш ба Калламанора монанди кулӯх монда шуда буд». Оре, ӯ барвақт аз меҳри модар маҳрум мешавад ва аз ин хусус бо дили пурхун навиштааст: «Дар хонаамон ман бо модаркалонам, ки навадсола буданд, калоба ресида мезистем». Зиёда аз ин, тавре ки Дилшод дар асари саргузаштиаш меоварад, «Баъд аз қатли бекҳои юз (бекҳои Ӯротеппаро дар назар дорад – Ш.С), ки номи онҳоро ман дар ҳамон майдони қатл шунидаам, боқимонда сездаҳ ҳазор асирон (дар манбаъҳо 13400 нафар – Ш.С.) пойи пиёда пешандози золим (яъне хони Қӯқанд) шуданд. Гирёну нолон ва афтону хезон бо дашти Навканда ва Бекату Куркату Маҳрам, ки номи он даштро асирон номбар менамуданд, аз он ба хотирам боқӣ мондааст, тайи манозили сохта мерафтем дар саҳро ба сангҳову хорҳо пешпо хӯрда пойҳои худам ҳамчун дигарон таҳаш обғӯлаву лелакҳо хунравону нохун кӯчак шуда буд, маҷолу мадор намонда буд, ки роҳ равам».
Ҳамин тариқ Дилшод (Барно тахаллуси шоиронаи ӯст) дар бораи баъди ду-се ҳафта ба ӯрдаи хони Қӯқанд оварда шудани асирони истаравшанӣ, шахсан аз тарафи хон қабул карда шудани худаш ва дигар ҳодисаҳои фоҷиабор дар «Таърихи муҳоҷирон» муфассал нақл мекунад. Дар яке аз шеърҳояш ҳолати худро бо радифи «омадам» чунин ифода кардааст:
Ман аз он олам ба ин олам, ки акнун омадам,
Кӣ будам, акнун кӣ гаштам ман, дигаргун омадам.
Тақдир ӯро бо шавҳари ояндааш Тошмахдуми панҷоҳсола, ки ӯзбектабор буд, рӯ ба рӯ мекунад. Модари ӯ зани 80-сола ба духтарони маҳаллӣ савод меомӯзонд. «Камина, – менависад шоираи сарсахт, – сездаҳ сол ба модар хидмат карда, баъд аз он лаҳҷаи туркиро мукаммал аз худ намудам ва нисбати мактабдориро гирифтам, дар он замон модарамон дар синни наваду ду ба духтарон сабақ дода, бе айнак чок медӯхтанд». Шоира ба нақлаш идома медиҳад: «Баъд аз ҳафт соли мактабдории ман, яъне дар наваду нӯҳсолагӣ модар вафот карданд, ки ман дар синни сию ҳафт будам».
Ҳамин тавр Дилшоди Барно дар гузари Хоҷа Калони Қӯқанд, дар хонаи шавҳараш 51 сол муаллимӣ кардааст. Бино ба нақли худи ӯ соле ба 20-30 нафар духтарон, ҷамъ ба 891 нафар шогирд сабақ додааст. Тасаввур кунед, аз миёнаи асри XIX то остонаи асри ХХ ӯ дар қалби духтарони қӯқандӣ меҳрро ба хату китоб парварида буд. Аз байни онҳо, ҳатто шоирае чун Анбаротун ба камол расида, шуҳрат пайдо кард.
Соли вафоти Дилшоди Барноро шоҳидон соли 1905-1906 муқаррар кардаанд. Тавре худаш нақл мекунад, дар синни қариб садсолагӣ ду бор ба оташароба, яъне поезд савор шуда, то Хавос расида, баъд ба зодгоҳаш – шаҳри Истаравшан омадааст.
Дилшоди Барно дар аксари навиштаҳояш (девони тоҷикию ӯзбекӣ, тазкира, маснавӣ, мухаммас, мусаддасҳо) мардумро ба кӯшишу ғайрати беҳсозии рӯзгор, мутолиаи китоб, мубориза барои тантанаи адлу инсоф даъват кардааст. Баъд аз ба тобеияти империяи Русия гузаштани водии Фарғона афзудани зулми дуҷониба, яъне бар замми ситами бойҳои маҳаллӣ истисмори мардум аз тарафи мансабдорони русро борҳо дар ашъораш зикр кардааст:
Ба мулки хоки Фарғона шуда, инак бало нозил,
На ин ки як бало, гӯям фишори ду ҷафо нозил.
Дар ҷойи дигар бо эҳсоси афсӯсу надомат қайд мекунад, ки:
Чаро халқи ватан ин хела муҳтоҷ,
Чаро пиру ҷавону бева муҳтоҷ?!
Дар асарҳои ӯ оид ба муҳити адабии хонигарии Қӯқанд низ маълумоти арзишманд оварда шудаанд. Ғайр аз чаҳор нафар шогирдони шоираш, ӯ боз номи ёздаҳ шоир ва панҷ бонуи шоирро зикр намудааст. Номи баъзеи онҳо танҳо дар навиштаҳои Дилшоди Барно оварда шудаанд, ки ин низ арзиши асарҳои ӯро баланд мекунад. Дилшоди Барноро, билошак метавон шоираи маърифатпарвар номид. Зеро дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ, дар замоне, ки таълиму таҳсили духтарон аз эътибор соқит буд, машъали маърифатро афрӯхта, халқ, хусусан духтаронро ба мактабу саводомӯзӣ даъват кардан ҷасорат маҳсуб меёфт. Ӯ дар аксар шеърҳояш китобу қаламро васф мекунад, чунончи, матлаъи як мухаммасаш бо радифи «китоб» ин аст:
Энг яқин дӯсти азиз ҳам дарду дармондур китоб,
Ҳамдамим, ҳамсӯҳбатим, ҳам қадрдондур китоб.
Имрӯз дар ҷомеаи мо ба ғояҳои маърифатпарварӣ, мероси ғании ҷадидон, ташаббуси онҳо дар ҳифзу ҳимояи мактабу маориф эҳтирому эҳтиёҷ афзудааст. Аз ин лиҳоз омӯхтани ҳасби ҳол ва эҷодиёти Дилшоди Барно – ин зани маърифатпарвар аҳамияти махсус дорад.
Шоқаҳҳор Салимов,
таърихшинос-журналист.