ҲАМКОРӢ БО ЯРМАРКАИ КИТОБИ ФРАНКФУРТ

Дар китобхонаи ба номи Алишери Навоии пойтахт семинари дурӯза бо номи «Тамоюлҳои муосир дар идоракунии фаъолияти нашриёт ва ҳуқуқи муаллиф» баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки дар солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳо ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Ин раванд дар фаъолияти нашриёт, табъу нашр ва рушди технологияи коммуникатсионӣ низ ба таври равшан мушоҳида мегардад.     

Муовини директори Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ Ғайрат Бозоров гуфт:

– Семинари «Тамоюлҳои муосир дар идоракунии фаъолияти нашриёт ва ҳуқуқи муаллиф» бори аввал дар кишвари мо дар ҳамкорӣ бо ташкилкунандагони Ярмаркаи китоби Франкфурт баргузор мегардад. Дар ин замина, зарур аст, ки ба аҳамияти махсуси ҳукумат дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии ин соҳа ишора кунем.

Танҳо дар панҷ соли охир 44 санади меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни нав «Дар бораи фаъолияти нашриявӣ», 3 қарори Президент, 11 фармони Ҳукумати Ӯзбекистон ва 29 стандарти давлатӣ қабул карда шудаанд.

Бо қарори Президент таҷҳизоти чопӣ ва ашёи хоми коғазие, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд, аз боҷи гумрук озод карда шуданд. Ҳамчунин, корхонаҳои нашриёт ва чоп аз пардохти андози фоида ва арзиши иловашуда озод карда шудаанд.

Ин гуна имконияту имтиёзҳо барои рушди соҳаи нашриёт ва чоп дар кишвари мо шароити мусоид фароҳам меоварад. Инро метавон дар рақамҳои зерин дид:

агар соли 2020 168 нашриёт фаъолият мекарда бошад, пас то 1 июни соли 2025 шумораи онҳо ба 601 адад расидааст.

Ин маънои онро дорад, ки шумораи субъектҳои соҳибкории нашриявӣ тақрибан 3,5 маротиба (433 адад) афзудааст.

Соли 2020 шумораи корхонаҳои табъу нашр 1 589 адад буд, ки то 1 июни соли 2025 ба 1 930 адад расидааст.

Мехоҳам диққати шуморо ба як рақам ҷалб кунам. Имрӯз 59 нашриёт (яъне 10 фоиз) давлатӣ ҳастанд, дар ҳоле ки 542-тои боқимонда (90 фоиз) аз ҳисоби субъектҳои хусусии соҳибкорӣ мебошанд.

Таъкид гардид, ки ислоҳоти соҳа пеш аз ҳама ба густариши фарҳанги китобхонӣ, махсусан дар байни ҷавонон ва қонеъсозии талаботи онҳо ба маҳсулоти китоб равона шудаанд. Дар ин ҷараён нақши нашриётҳо хеле муҳим аст.

Аз соли 2020 то 2024 ҳар сол ба ҳисоби миёна 11,6 ҳазор номгӯйи китоб бо теъдоди умумии 197,9 миллион нусха чоп шудааст. Ҳамзамон, ба масъалаи расонидани китоб ба хонандагон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 712 мағозаи махсусгардонидашудаи фурӯши китоб фаъолият доранд. Оҷонсӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳавӣ як қатор лоиҳаҳои умедбахшро дар самти рушди соҳаи табъу нашр тибқи тамоюлҳои муосир ба нақша гирифтааст.

Аз ҷумла, ҷорӣ кардани техника ва технологияи пешрафта ба истеҳсоли маҳсулоти табъу нашр, таблиғи таҷрибаи пешрафта, тайёр ва такмили ихтисоси кадрҳо ва, аз ҳама муҳимаш, расонидани фаъолияти соҳаро ба марҳилаи сифатан нав мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо мустаҳкам кардани робитаҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ аҳамияти калон дорад.

Дар солҳои охир нашриёти кишвари мо дар зиёда аз 20 намоишгоҳ ва форуми байналмилалӣ, аз ҷумла дар Олмон, Италия, Туркия, АМА, Чин, Русия, Эрон, Белорусия ва Озарбойҷон фаъолона иштирок карда, бо ҳамкасбон робитаҳои ҳамкорӣ барқарор кардаанд.

– Чи тавре ки маълум аст, соли 2022 Ӯзбекистон ба Шӯрои байналмилалии адабиёти кӯдакон ва наврасон (IBBY) шомил шуд ва шуъбаи миллӣ дар назди оҷонсӣ таъсис дода шуд. Мо мақсад дорем, ки дар оянда рушди адабиёти кӯдакон ва наврасонро дар Ӯзбекистон, эҷоди муҳтавои нав ва таблиғи асарҳои нависандагони кӯдаконаро дар хориҷ таъмин намоем. Дар ин самт, ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо мутахассисони хориҷӣ низ аҳамияти калон дорад, – гуфт роҳбари китобхонаи миллии ҷумҳурӣ У. Тешабоева. 

Семинари «Тамоюлҳои муосир дар идоракунии фаъолияти нашриёт ва ҳуқуқи муаллиф», ки имрӯз дар ҳамкорӣ бо ташкилкунандагони Ярмаркаи китоби Франкфурт дар пойтахти мо оғоз мегардад, ба мустаҳкамсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва афкор, шиносоӣ бо навгонӣ ва татбиқи тамоюлҳои охирин дар соҳаи нашриёт мусоидат хоҳад кард. Мо боварӣ дорем, ки семинар ва сессияҳои он мавзӯъҳои муҳими ҷаҳонӣ ва ҷолибро дар бар хоҳанд гирифт, аз ҷумла: муҳофизати ҳуқуқи муаллиф, хариду фурӯши литсензия; нақш ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти нашриявӣ; барномаи Ярмаркаи китоби Франкфурт ва лоиҳаи Frankfurt Connect; бозори ҷаҳонии китобҳои аудиоӣ. Ҳамчунин, иштирокчиён имкони шунидани маърӯзаҳои мутахассисон ва коршиносони пешсафро дар мавзӯъҳои арзёбии ҳуқуқ ва литсензия, таъсири омилҳои асосӣ ба ташаккули нарх ва гуфтушунидҳо, намудҳои мухталифи литсензия, таҷрибаи беҳтарин дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ (Франкфурт, Лондон ва ғайра), инчунин имкониятҳо ва мушкилоти зеҳни сунъӣ барои бозори китобро пайдо хоҳанд кард.

С. Бекназарова, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: