Ғиждувон яке аз ноҳияҳои калонтарин ва минтақаи сераҳолитарини вилояти Бухоро ба шумор меравад.
Дар ин ҷо бо мақсади рушдёбии соҳибкорӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти гуногуни рӯзафзуни аҳолӣ чораю тадбирҳо меандешанд. Аз ҷумла дар ҳудуд бобати бо усули муқобил ҳосил кардани ҷараёни электр қадамҳои устуворона гузошта мешавад.
Нуқтаи аҳолинишини оғӯши дашт – «Оёқоғитма» дар самти шимолӣ – 180 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ гардидааст. Ба қарибӣ дар ин ҷо таҳти ҳомигии ширкати «Acwa Power Bash Wind»-и Арабистони Саудӣ неругоҳи бодӣ ба кор даромад.
Қимати он ба 650 миллион доллари ИМА баробар буда, соле 1 миллиарду 800 миллион киловатт соат энергияи электрӣ ҳосил мекунад. Дар натиҷа нафақат эҳтиёҷоти аҳолӣ қонеъ мегардад, балки барқарории экологӣ таъмин гашта, харҷи гази табиӣ маҳдуд мешавад. Аз ҷумла дар як сол 500 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа меёбад.
Пешбинӣ шудааст, ки иқтидори неругоҳи электри шамолӣ ба 500 мегаватт расонда шавад.
Дар чорабинии тантанавии ба истифода супорида шудани лоиҳа сармоядорон, сохтмончиён, кормандони масъули ҳокимият, собиқадорони меҳнат ва дигарон иштирок карда, ҳамдиёронро бо воқеаи муҳим муборакбод карданд ва аҳамияти лоиҳаро бобати мустаҳкамшавии иқтисодиёт ва некӯаҳволии халқамон таъкид намуданд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.