ОВОЗИ ОЛАМГИРИ ҶАҲОНГИР

Дар шаҳри Одинсовои назди Маскав фестивали бошукӯҳи байналхалқӣ барои наврасони имконияташон маҳдуди санъатдӯсти кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид.

Дар байни иштирокчиён сарояндаи соҳибистеъдоди 12-сола аз Самарқанд Ҷаҳонгир Абдувалиев низ буд. Овозхони ҷавони аз таваллуд нобино бо кумаки модараш Мадинабону Маматқулова ба саҳна баромада, таронаи машҳури «Рӯзи Ғалаба»-ро чунон бо эҳсосоти баланд ва дилнишин хонд, ки тамошобинон аз ҷо бархеста, чанд муддат кафкубӣ намуданд.

Дар ҳунарнамоии Ҷаҳонгир модараш, ки ҳамазамон устоди ягонааш аст, ҳамроҳӣ мекунад. Ӯ дар мактаби мусиқӣ таҳсил нагирифтааст, аммо бо вуҷуди ин, аллакай ғолиби озмунҳои байналхалқӣ шудааст.

Зоҳир Ҳасанзода.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: