Якбора бад шудани вазъ дар Ховари Миёна боиси нигаронии ҷиддии Ӯзбекистон гардидааст.
«Кишвари мо ҳамеша ҷонибдори ҳалли низоъҳо бо роҳҳои осоишта ва тавассути муколамаи созанда байни тарафҳо мебошад.
Ба ин муносибат, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба Исроил ва Эрон худдорӣ намоянд. Ба онҳое, ки айни ҳол дар қаламрави ин кишварҳо қарор доранд, тавсия дода мешавад, ки то ҳадди имкон минтақаҳои хатарнокро тарк намуда, ба ҷойҳои амн кӯч банданд.
Барои таъмини амният ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Шаҳрвандонро тавсия мешавад, ки эҳтиёткориро риоя намуда, аз маълумоти расмӣ пайгирӣ намоянд», — изҳор дошт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Ахрор Бурханов.