Сарвари ВКХ Эрон ба Маскав омад

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ ба шаҳри Маскав омад ва ният дорад, бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот анҷом диҳад.

Дар ин бора Report бо истинод ба агентии IRNA хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Эрон мехоҳад бо роҳбари Русия ва мансабдорони баландмақоми ин кишвар маслиҳат анҷом диҳад. Мавзӯи мулоқотҳо — баррасии масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар пасманзари ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова омадани вазири корҳои хориҷии Эронро ба Маскав тасдиқ намуд, аммо нагуфт, ки мулоқот бо кадом шахсиятҳо дар назар аст.

«Мо тасдиқ мекунем, ки вазири корҳои хориҷии Эрон барои баргузории музокирот ба Маскав омад», — изҳор дошт ӯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: