Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух 24 июн бо сафари давлатӣ ба ин кишвар рафт.
Тибқи барномаи сафар дар шаҳри Улан-Батор баргузории вохӯриҳои дуҷониба ва музокирот дар сатҳи олӣ дар назар аст.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанба ва тавсеаи ҳамкории амалии Ӯзбекистон ва Муғулистон, баррасӣ хоҳанд шуд.