ӮЗБЕКИСТОН ВА МАЛАЙЗИЯ ҲАМКОРИИ СУДМАНДРО МУСТАҲКАМ МЕНАМОЯНД

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири иқтисодиёт ва молия Ҷамшед Қӯчқоров бо ҳайати намояндагон таҳти сарварии муовини Сарвазири Малайзия – вазири трансформатсияи захираҳои барқ ва об Дато Сри Фадилла бин Ҳоҷӣ Юсуф мулоқот анҷом дод.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, тавсеаи лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷрибаи амалӣ баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи истеҳсоли нимноқил диққати махсус дода шуд. Ҳамчунин доир ба ҷорӣ намудани молияи исломӣ, расонидани кумакҳои техникӣ дар ин самт ва дастгирии он ҳарф заданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об ва беҳбуди таъмини оби ошомиданӣ дар асоси технологияҳои замонавиро низ баррасӣ карданд.

Доир ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, роҳандозии ҳамкорӣ дар самти қабул ва татбиқи тамоюлҳои ESG барои субъектҳои тиҷоратӣ табодули афкор намуданд.

Дар анҷоми музокирот аз рӯйи таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманди Ӯзбекистон ва Майлазия, татбиқи ташаббусҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: