САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА МУҒУЛИСТОН ОҒОЗ ШУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух якҷоя бо ҳамсари худ бо сафари давлатӣ ба Муғулистон омад.

Сарвари давлати моро Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Б.Батсетсег ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар фурудгоҳи Буянт-Ухаа, ки бо парчамҳои ду давлат зинат ёфта буд, ба шарафи меҳмонони воломақом қаровули фахрӣ саф орост.

Тибқи барномаи ташриф имрӯз музокироти сатҳи олии Ӯзбекистон-Муғулистон баргузор мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: