САРОНИ ДАВЛАТҲО ДАР КОНСЕРТИ МУШТАРАК ШИРКАТ КАРДАНД

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух якҷо бо ҳамсарони худ дар консерти ҳунармандони ду мамлакат иштирок карданд.

Имрӯз ба шарофати ирода ва саъю талоши сарони давлатҳо халқҳои мо боз ҳам наздиктар гардиданд, муносибатҳои байнидавлатӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷониба боло рафтанд.

Консерти муштарак боз як зуҳуроти оғози марҳилаи нави дӯстии Ӯзбекистону Муғулистон ва муносибатҳои гуногунпаҳлӯи дуҷониба гардид.

Дар оҳангу сурудҳои санъаткорони боистеъдод ғановат, рангорангӣ ва ҷиҳатҳои хосаи фарҳангҳои мо таҷассум ёфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: