«ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ, МУТТАҲИД ШАВЕМ!»

Дар кишварамон якчанд сол ин ҷониб ба муносибати 30 июн – Рӯзи ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» озмун ва мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои консертӣ баргузор мегардад. Дар ин тадбирҳо ҷавонони пешқадам фаъол иштирок мекунанд.

Бояд таъкид намуд, ки бо ташаббуси Президент  ба ҷавонони Ӯзбекистони Нав аҳамияти калон дода мешавад. Ба ин имкониятҳои васеъ ҷавобан ҷавонон низ дар тамоми ҷабҳаҳои ҷамъият маҳорат ва лаёқати худро нишон медиҳанд. 

Ҷашнворае, ки зери ин дар якчанд ноҳияи вилоят гузаронида шуд,  ҳазорон ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид кард. 

Аз ҷумла, дар ноҳияи Тӯрақӯрғон чунин чорабинӣ бо ташаббуси ҳокимияти вилоят, Садорати агентии ҷавонон ва ташкилотҳои дахлдор баргузор шуд. 

Ҷонишини ҳокими вилоят Отабек Бозоров, роҳбари агентии ҷавонони вилоят Бахтиёр Мирзатов ва ҳокими ноҳия Шералӣ Қосимов ҷамъшудагонро табрик намуда,  ба ҷавононе, ки дар соҳаи варзиш, олимпиадаи фанҳо, ҳарбиёни ҷавон ба муваффақиятҳо ноил шуданд,  «Ташаккурнома» ва туҳфаҳои қиматбаҳо супориданд.

Дар чорабинии маънавию маърифатӣ санъаткорон, варзишгарон ва ҳарбиён бо намоишҳои шавқовари худ иштирок намуданд. 

Шоҳида ДАМИНОВА, 

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: