ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН

  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ФАЪОЛ, ФИДОКОР, ЗАҲМАТПИСАНД – ПАЙРАВОНИ ВОҚЕИИ ҶАДИДОН

Дар қасри байналмилалии анҷуманҳои “Ӯзбекистон”-и пойтахт ба муносибати 27 июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ чорабинии идона ва маросими ботантанаи сарфарозгардонии ғолибон ва ҷоизадорони озмуни XIX байналмилалӣ барои ҷоизаи миллии «Килки заррин» баргузор гардид.

Ба ин муносибат ба қасри боҳашам намояндагони соҳа, устод-рӯзноманигорон, эҷодкорони соҳаи медиа, ноширону матбаачиён, профессор-устодони муассисаҳои таҳсилоти олии самти журналистика, олимону муҳаққиқон даъват шуданд.

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавиро котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Асадов қироат кард.

Дар арафаи иди касбии намояндагони соҳаи медиа Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ кормандони соҳа ба муносибати Рӯзи матбуот ва васоити ахбори оммавӣ» қабул шуд. Тибқи он як гурӯҳ ҳамкасбони мо барои саҳми арзандаашон дар амиқсозии ислоҳоти демократӣ, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи иттилоот, таҳкими тамоюли озодии сухану матбуот ва ошкорбаёнӣ, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар майдони иттилооти ҷаҳонӣ, хидматҳои бузург дар тарғиби васеи дастовардҳои азиме, ки дар Ӯзбекистони Нав ба даст меоянд,  инчунин, фаъолияти босамар ҷиҳати омодасозии кадрҳои муосири журналистӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи муҳаббат ва садоқат ба кишвар, бо унвонҳои бузург, ордену медалҳои Ватанамон сарфароз гардиданд.

Дар чорабинии мутантан Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева мукофотҳоро ба ҷоизадорон супурд.

Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, сармуҳаррири таҳририяти рӯзномаҳои “Янги Ӯзбекистон” ва “Правда Востока”, эҷодкор Салим Дониёров, соҳибони медали “Шуҳрат” муҳаррири нашри интернетии "Gazeta.uz" Элина Сакаева, асосгузор канали телеграмии «Kamoliddin Rabbimov», сиёсатшинос ва блогер Камолиддин Раббимов ба Президенти мамлакат барои таваҷҷуҳ ба рушди соҳа миннатдорӣ иброз намуданд.

Раванди тағйироти босуръате, ки бо ибтикори Сарвари давлат дар мамлакати мо ба вуқӯъ мепайвандад, бахши расонаҳои хабарии миллиро низ куллан ба таври мусбат тағйир дод. Барои таъмини амалии озодии сухан ва матбуот, дар ин бобат ба амал баровардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, барои рушди босуръати тамоми намудҳои воситаҳои ахбори оммавӣ шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам мешавад. Ҳоло барои бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамқадам гардидани рӯзноманигорони мо, дар роҳи озодтар, муассиртар ва дар доираи васеъ фаъолият намудани онҳо тамоми имкониятҳо истифода мешаванд.

Дар чорабинии тантанавӣ дар бораи таваҷҷуҳ ба рушди матбуоти миллӣ, кори табъу нашр ва васоити ахбори оммавӣ ба таври муфассал ҳарф заданд.

Воқеан, имрӯзҳо дар натиҷаи бонги изтироби журналистони фаъолу фидокор ба мушкилоти матраҳшуда зуд диққат дода шуда, саривақтӣ роҳи ҳалли мусбати онҳо дарёфт мешавад. Аз тарафи Президент пешбарӣ гардидани ғоя дар бораи боз ҳам далертару ташаббускор шудан дар ин самт ба аҳли эҷод торафт илҳоми бештар мебахшад. Ин дар навбати худ барои боз ҳам рангоранг, шавқовар, долузарб ва молики аҳамияти бештари иҷтимоӣ шудани маводҳое мегардад, ки дар матбуоти ҷумҳуриявӣ, нашрияҳои интернетӣ, телевизион ва радиои мо интишору пахш мешаванд.

Дар ҳақиқат, журналистони фидокору заҳматкаши имрӯзаро, ки манфиати миллату Ватан, халқро аз худ боло мегузоранд, ба ниёи ҷадиди мо, ки барои ояндаи кишвар ҷони худро нисор кардаанд, муқоиса кунем, муболиға нахоҳад шуд. Зеро таърихи пуршарафи журналистикаи миллӣ ва рушди он ба фаъолият ва саъю ҳаракати накӯву ибратбахши ниёи маърифатпарвари мо, ки тақдири хешро ба сарнавишти халқу Ватан пайваст медонистанд, ҳамбастагии узвӣ дорад.

Дар чорабинии тантанавӣ раиси Кумитаи тадорукоти Ҷоизаи миллии “Килки заррин”, иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Холмурод Салимов таъкид кард, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар соҳаи иттилооти мамлакати мо ислоҳоти васеъ амалӣ шуда, ба баланд бардоштани фаъолнокии журналистон дар ҷомеа ва дастгириву ҳавасмандгардонии онҳо таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Инчунин, дар бораи мукофоти “Килки заррин” маълумот дод.

Дар озмуни XIX байналмилалӣ барои ҷоизаи миллии «Килки заррин» 499 хабарнигор ва намояндагони ВАО бо беш аз 3251 кори эҷодӣ ширкат варзиданд. Ин дар навбати худ, аз фаъолии рӯзноманигорон дар раванди тағйироту навсозиҳои ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Дар доираи иҷрои қарори Президент аз 27 июни соли 2022 «Дар бораи чораҳои дастгирии васоити ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика» аз соли 2023 номгӯи ҳавасмандгардонӣ барои озмуни «Килки заррин» аз 5 ба 12 адад зиёд карда шуд.

Тибқи ин қарор, ба барандаи ҷои якум ба маблағи 200 баробари ҳисоби базавии Ӯзбекистон, барандаи ҷои дувум 175 баробар ва ба барандаи ҷои сеюм ба миқдори 150 баробар мукофоти пулӣ дода мешавад. Инчунин, ба ҳар як ғолиби 12 номинаи ҳавасмандгардонӣ мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 100 баробари ҳисоби базавӣ тақдим мегардад.

Бо мақсади таъмини дар асоси тамоюлҳои демократӣ боз ҳам кушод ва шаффоф гузаронидани озмуни байналмилалӣ барои ҷоизаи миллии «Килки заррин», ки дар байни журналистон ба таври анъанавӣ гузаронида мешавад, ҳар сол ба таркиби Ҳайати доварони озмун аз рӯйи самтҳо журналистони ботаҷриба, намояндагони маъруфи соҳаи медиа дохил карда мешаванд.

Корҳои эҷодии пешниҳодшуда дар асоси меъёрҳо, аз қабили аҳамияти иҷтимоии мавзӯъ, мавқеи шаҳрвандии журналист, мушоҳидаи интиқодӣ-таҳлилӣ, масъулият ба сухан ва маҳорати баён, муносибати нав ба фаъолияти эҷодӣ баҳогузорӣ шуданд.

Дар чорабинӣ ба ҳамкасбони мо, ки ҷоизаи миллии «Килки заррин»-ро гирифтанд, мукофотҳои пулӣ, диплом ва статуэткаҳои махсус тақдим карда шуд. Мукофоти асосӣ ба таҳририяти маҷаллаи «Гулхан» (сармуҳаррир Заҳро Ҳасанова) насиб кард.

– Дар мамлакати мо ба соҳаи журналистика, бахусус, ба таҳияи контенти босифату пурмазмун барои кӯдакон диққати калон дода мешавад, – гуфт сармуҳаррири маҷаллаи “Гулхан” Заҳро Ҳасанова. – Ин таваҷҷуҳ кормандони соҳаро водор мекунад, ки бо илҳоми боз ҳам бештар эҷод кунанд. Эътибор ба нашрияҳои кӯдакона, маънои таваҷҷӯҳ ба ояндаро дорад. Пас, ояндаи мо бешубҳа дурахшон мешавад.

Дар чорабинии мутантан мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайриддин Султонов, Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов иштирок карданд.

Дар чорабинӣ барномаи мусиқӣ намоиш дода шуд.

Назокат УСМОНОВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: