Корманди ҷавони рӯзномаи “Овози тоҷик”, эҷодкори пурмаҳсул Фаридуни Фарҳодзод дар озмуни байналмилалӣ барои мукофоти миллии «Килки заррин» соҳиби ҷоиза гардид.
Дар қасри байналмилалии анҷуманҳои “Ӯзбекистон”-и пойтахт ба муносибати 27 июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ чорабинии идона ва маросими ботантанаи сарфарозгардонии ғолибон ва ҷоизадорони озмуни XIX байналмилалӣ барои ҷоизаи миллии «Килки заррин» баргузор гардид.
Боиси эътироф аст, ки корманди ҷавони рӯзномаи “Овози тоҷик”, эҷодкори пурмаҳсул Фаридуни Фарҳодзод дар номинаи "Барои беҳтарин матолиб, ки ба тарғиб ва таҳкими ҳамҷиҳатии умумимиллӣ нигаронида шудааст" пирӯз шуда, соҳиби диплом, статуеткаи махсуси "Килки заррин" ва мукофоти пулӣ гардид.
Дар ҳақиқат, таҳкими дӯстии халқҳо ва ҳамҷиҳатии умумимиллӣ яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат мебошад ва рӯзномаи маҳбубу маъруфи "Овози тоҷик" ҳамчун пули дӯстии ду халқи дӯсту бародар дар ин раванд нақши муассир дорад ва кормандони рӯзнома бо мақолаҳои пурмӯҳтаво дар ҷодаи вусъат додани робитаҳои гуногун саҳм мегузорад.
Дар озмун соҳиби ҷоиза гардидани Ф.Йӯлдошевро низ метавон чун ифодаи амалии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари давлат арзёбӣ кард.
Мо, ҷамоаи рӯзнома ҳамкори азизи худро бо ин пирӯзӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи мавсуф комёбиҳои бештар, дар роҳи эҷод бурдбориҳо ва дар ҳаёти оилавӣ бахту саодатро таманно мекунем. Бигузор, ба даст овардани мукофотҳои боз ҳам волотар насиб кунад.
"Овози тоҷик".