27 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҳошияи ҳамоиши Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Минск мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба масъалаҳои татбиқи амалии тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки корҳои муштарак барои таъмин намудани рушди динамикии гардиши мутақобилаи мол, пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, нигоҳ доштани робитаҳои самарабахши минтақавӣ ва мубодилаи фаъоли фарҳангиву башардӯстона ба роҳ монда шудаанд.
ӮзА.