ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАҶЛИСИ ШИАО ИШТИРОК НАМУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 июн дар Минск дар ҷамъомади навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авроосиё дар мақоми роҳбарони давлатҳои нозири ШИАО иштирок намуд.

Дар мулоқот, ки зери раисии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид, инчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, дар мақоми нозир – Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён (аз тариқи паёми видеоӣ) ва инчунин раиси Коллегияи Комиссияи иқтисодии Авроосиё Бакитҷон Сагинтаев ширкат намуданд. Валиаҳди Абу-Дабӣ Шайх Холид ал-Наҳайян, муовини аввали Сарвазири Муғулистон Нам-Осорин Учрал ва котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев иштирок доштанд.
Ба рӯзномаи маҷлис масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, дастгирии лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ, татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои бартариноки ҳамкорӣ дохил шуданд. 
Дар аввали нутқи худ Президенти Ӯзбекистон таъкид кард, ки вусъатёбӣ ва амиқ гардидани минбаъдаи ҳамкории муфиди тарафҳо бо мамлакатҳои ШИАО яке аз самтҳои бартариноки сиёсати иқтисодии хориҷии мамлакати мо ба шумор меравад. 
Ба мамлакатҳои аъзои Ташкилот барои дастгирӣ ва иштироки фаъоли ҳайатҳои онҳо дар кори Намоишгоҳи байналхалқии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ», ки аз аввали соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон баргузор гардид ва форуми байналхалқии чоруми сармоягузории Тошканд миннатдорӣ изҳор менамоям. 
Махсус таъкид гардид, ки дар поёни ин чорабиниҳо шартномаҳои муҳим ба даст омаданд, самтҳои нав ва лоиҳаҳои истиқболноки ҳамкорӣ муайян гардиданд.
Роҳбари давлат иштирокдорони ҷамъомадро дар бораи рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистон бо Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё хабардор намуд. Ҳамин тариқ дар давраи ҳамкорӣ дар мақоми давлати нозир табодули моли хориҷии Ӯзбекистон бо мамлакатҳои Иттиҳод 80 фоиз зиёд гардид ва дар поёни соли гузашта 18 миллиард долларро ташкил намуд. 
Моҳи марти соли ҷорӣ ҷамъомади чоруми Гурӯҳи кории муштарак бомуваффақият баргузор гардид, ки дар фуроварди он чорабиниҳо оид ба марҳала ба марҳала бартараф намудани мамониатҳои техникӣ, амиқсозии ҳамкории саноатӣ ва рағбатноксозии ташаббусҳои корӣ таҳия гардиданд. 
Татбиқи Нақшаи сесолаи нав оғоз ёфт, ки тақрибан 40 чорабинии мушаххасро дарбар мегирад. Ӯзбекистон инчунин дар ташаббусҳои ШИАО, аз ҷумла дар чунин лоиҳаҳо ва барномаҳо, мисли «Агроэкспресси Авроосиё», ки бо рушди савдои элетронӣ, рақамисозии боркашонӣ ва ҳалли масъалаи мавзӯи иқлим алоқаманданд, фаъолона иштирок менамояд. 
Ғайр аз ин, моҳи апрел тартиб оид ба ҳамроҳ намудани мамлакатамон ба Шартнома дар бораи таъсиси Бонки рушди Авроосиё ба охир расид. Якҷоя бо Бонк бастаи истиқболноки лоиҳаҳои такомули инфрасохтор, дар соҳаҳои металлургия, бофандагӣ, кимиё ва дигар самтҳои стратегӣ таҳия карда мешаванд. 
Роҳбари давлатамон назари худро оид ба самтҳои калидии рушди шарикӣ бо ШИАО баён намуд.
Аҳамияти ташаккули шароити муносиб барои афзудани табодули моли ҷонибҳо таъкид шуд. Зикр гардид, ки Ӯзбекистон тамоми шартномаҳоро, ки бо таъмини фаъолияти минтақаҳои тиҷорати озод байни мамлакатҳоямон алоқаманданд, ба тариқи пурра иҷро менамояд. 
Ба ин маънӣ ба ногузирии тезондани таҳияи экспертии чандин пешниҳодоти мамлакатамон, ки ба сода намудани тартиб ва наздик сохтани низоми танзини техникии амалиёти савдо нигаронда шудааст, ишора гардид. 
Инчунин дар хусуси манфиатдорӣ аз пайваст гардидан ба чунин дастгоҳ ва механизмҳои дастгирии савдо, мисли низоми рақамии танзими техникӣ ва экосистемаи даҳлезҳои рақамии нақлиётии ШИАО, ширкати бимаи такрории Авроосиё баён гардид.
Бо назардошти рушди муттасили технологияи замонавии иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ истиқболи ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи рақамисозӣ таъкид ёфт. Ба ин маънӣ пешниҳод шуд, ки барномаи алоҳида бо фарогирии чунин самтҳо, мисли савдои электронӣ, маркировкаи рақамии амвол, ба вуҷуд овардани платформаи логистикии насли нав, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мушаххас қабул гардад. 
Инчунин ишора гардид, ки иштироки Ӯзбекистон дар низоми ягонаи иттилоотии гаравидаи нуқтаҳои гузаргоҳӣ имконпазир аст. Ин имкон медиҳад, ки гузаштани сарҳад тез гардад, самаранокии мониторинг ва шаффофии тамоми тартибот таъмин шавад. 
Барои рағбатноксозии рушди алоқаҳои ҳамкорӣ омодагӣ барои вусъат додани ҳамкории амалӣ дар доираи барномаҳои роҳандозишуда дастгирии тиҷорати хурд ва миёна, аз он ҷумла якҷоя бо Шурои кории ШИАО изҳор гардид.
Ӯзбекистон аз истифодаи имконияти механизми дастгирии молиявии лоиҳаҳои саноатӣ ва платформаҳои шабакаи ҳамкории саноатӣ ва трансфери технологии Авроосиё манфиатдор аст. 
Дар бобати таъминоти бехатарии озуқаворӣ аҳамияти таҳияи чорабиниҳо таъкид гардид, ки ба вусъат додани имконот барои ҳамкории тавлидоти кишоварзӣ нигаронда шудааст. 
Сухан дар бораи татбиқи ташаббуси қабули Барномаи агрокооператсияи Ӯзбекистон бо мамлакатҳои ШИАО, ки татбиқи технологияи пешқадам, сода намудани тартиби ҳаракати амволи хоҷагии қишлоқ, фаъолияти босамар ва вусъат додани даҳлези «сабз»-ро пешбинӣ менамояд, меравад. 
Ғайр аз ин бо шарикони ШИАО кори фаъолона доир ба сода намудани тартиб ва баланд бардоштани ҳаракати захираҳои меҳнатӣ кор бурда мешавад. Бинобар ин баргузор намудани машваратҳои экспертӣ оид ба масъалаҳои наздик намудани стандартҳои касбӣ ва талаботи малакавӣ дар соҳаҳои дар бозори меҳнат дархур пешниҳод гардид. 
Инчунин изҳори омодагии пайваст гардидан ба платформаи гаравидашудаи «Кори бидуни сарҳад», ки дар доираи Ташкилот роҳандозӣ гаштааст, иброз гардид. 
Дар охири суханаш роҳбари давлат таъкид кард, ки иштироки Ӯзбекистон дар барнома ва лоиҳаҳои бисёрҷонибаи ШИАО ба мустаҳкам гардидани шарикии иқтисодӣ хидмат намуда, ба рушди босуботи мамлакатҳоямон мусоидат хоҳад кард.
Бо ҳамин ташрифи кории роҳбари давлатамон ба Ҷумҳурии Беларус ба поён расид. Президент ба Тошканд парвоз намуд. 
ӮзА.  
 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: