ДАР ДЕҲНАВ БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНА БОСУРЪАТ БУНЁД МЕШАВАНД

Ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё аз ҷиҳати нуфуси аҳолӣ аз ҳама калонтарин ноҳия маҳсуб ёфта, он дар боби рушду тараққиёти соҳаи хоҷагии қишлоқу саноат, тиҷорату соҳибкорӣ низ пешқадам аст.

Азбаски аҳолӣ зиёд аст, талабот ба манзил ҳам рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Инро ба инобат гирифта солҳои охир дар маркази ноҳия – шаҳри Деҳнав корҳои сохтмон бо суръат пеш бурда мешавад. Алалхусус, бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна, ки на кам аз 9 қабатанд, асоси ин корҳои бунёдкориро ташкил медиҳад. Танҳо дар солҳои 2017-2024 33 бинои баландошёна ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа 2789 оила бо манзилҳои замонавии дорои ҳамагуна шароит таъмин гардиданд. Соли ҷорӣ бошад, бунёди 20 адад бинои баландошёна ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло дар он сохтмонҳо корҳои бунёдкорӣ дар авҷ. Баъди сохта ба истифода дода шудани биноҳои мазкур боз 1902 оила бояд бо манзили зист таъмин гарданд. Дар муддати як сол танҳо дар як ноҳия ба ин миқдор бунёд ёфтани биноҳои баландошёна шояд ба ақли кас нағунҷад, вале чун ба маркази ноҳия қадам мегузоред ва ё худ бо роҳи марказии нақлиётгарди ноҳия гузашта истода ба шаҳр ва атрофи он назар месозед, дар ҳар гӯшаи шаҳр биноҳои баландошёнаи қадросткардаро дида ангушти ҳайрат мегазед. Шаҳр ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ҳувайдост, ки Чағонрӯд ва Деҳнавшаҳри қадима, ки дар гузашта ҳам маркази савдову тиҷорат, ҳунармандиву илму маърифат буда, дар қади Шоҳроҳи абрешим ҷойгир буду рушду тараққӣ дошт, имрӯз бо сохту намуди нав боз ҳам бошукӯҳтар, азимтар ба назар ҷилва мекунад.

Дар қатори бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, боз биноҳои маъмурӣ, нуқтаҳои маишӣ-хидматрасонӣ, марказҳои савдову тиҷорат низ бунёд ёфта истодааст, ки барои фаровониву ободонии ҳаёти мардум хидмат мерасонанд. Вобаста ба ин роҳҳо ҳам васеву ҳамвор ва босифат бетону мумфарш карда шуданд. То солҳои наздик мардум ба сабаби тангу тор ва ноҳамвор будани роҳҳои дохили шаҳр шикояти бисёр доштанд. Ин арзу шикоятҳо бо мурури вақт ҳалли худро меёбанд. Бо вуҷуди рӯз то рӯз зиёд шуда истодани воситаҳои нақлиёт, тирбандшавии онҳо ба тадриҷ кам шуда истодааст, ки аз ин сокинони шаҳр мамнун. Бо ҷадал пеш рафтани сохтмону дигар корҳои бунёдкорӣ, бешубҳа, ба рушди соҳаи сайёҳӣ низ мусоидат мекунад. Омаду рафти сайёҳон аз шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва берун аз он салоҳияти соҳаи сайёҳии ин минтақаро ба маротиб меафзояд.

Олим Панҷизода, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: