ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ҶАВОНОН: ОИНАИ МУОСИРИ ЗИНДАГӢ Ё ТӮРИ НОАЁН?

Дар асри XXI шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз падидаҳои муҳими фарҳангиву иттилоотӣ гардида, зиндагии ҳар шахс, бахусус ҷавононро фаро гирифтааст.

Аз субҳ то шом мо дар байни постҳо, лайкҳо, шарҳҳо ва видеоҳо ҳастем, ки бо суръати барқвор паҳн мешаванд. Аммо оё шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо воситаи муоширатанд, ё бештар аз он – василаи таъсир, сохтани фикр ва ҳатто шакл додани зиндагии инсон?
Ҷаҳони рақамӣ фурсати нав барои наврасон аст. Аз як тараф шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон майдони васеи имконият фароҳам меоранд. Онҳо метавонанд муошират кунанд, донишҳои нав омӯзанд, соҳибҳунар шаванд ва ҳатто соҳиби шуҳрату даромад гарданд. Имрӯз бисёр ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ блогер, мураббӣ, соҳибкор ё ҳунарпешаи шинохта мешаванд.  
Ҷавонон дар Instagram, Fasebok, You Tube, TikTok, Telegram ва дигар платформаҳо ғояҳои эҷодии худро намоён мекунанд, дӯстони нав меёбанд ва барномаҳои таълимиро тавассути интернет меомӯзанд. Барои бисёре аз онҳо, шабакаи иҷтимоӣ на танҳо ҷойи муошират, балки муҳити омӯзишу рушди шахсӣ шудааст.
Аммо аз тарафи дигар, истифодаи нодуруст ва беш аз ҳадди шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба равони ҷавонон зарар расонад. Интернет, дар баробари манфиатҳои зиёдаш, оқибатҳои манфӣ низ дорад. Камбуди фарҳанги истеъмоли иттилоот дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, надоштани дониш, малака ва маҳорати фарқ кардани чизи зарурӣ ва нолозим, боис шуда истодааст, ки иддае аз ҷавонон зери таъсири ашхоси бадхоҳ ва равияҳо афтода, ба интернет  вобастагӣ мешаванд. Дар интернет вақти зиёд сарф кардани ҷавонон ба як мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Умуман, мушкилтарин ҷанбаи вобастагии интернет фаромӯш кардани дунёи воқеӣ, вазифаву масъулияти инсонист. Инсон бояд дар ҳаёти воқеӣ зиндагӣ кунад, софдилона меҳнат ва таҳсил кунад, вазифаи худро софдилона ба ҷо орад, ба Ватан садоқатмандона хидмат кунад, ба атрофиёнаш нафъ расонад.
Шахсе, ки вақти зиёдро дар интернет сарф мекунад, ҳолати абстрактӣ ва ғарқ шудан ба дунёи худро эҳсос мекунад. Ин замина барои дасткорӣ ва мағзшуии ояндаи ӯ аз ҷониби «қувваҳои сеюм» фароҳам меояд. Беҳуда нест, ки имрӯз гурӯҳҳои тахрибкор асосан тавассути интернет ба шуури ҷавонон таъсир мерасонанд.
Дигар паҳлӯи манфии интернет ин аст, ки он боиси худхоҳӣ, мағрурӣ ва ё ба истилоҳи муосир, худпарастӣ мешавад.
Бисёре аз ҷавонон ба «лайк»-у «комент»-ҳо одат карда, арзиши худро аз шумораи бинандагон вобаста медонанд. Онҳо худро бо дигарон муқоиса мекунанд, ба зебоӣ, сарват ё шуҳрати дигарон ҳасад мебаранд ва аз камбудиҳои худ шарм медоранд. Ин метавонад боиси афсурдагӣ, ҳисси камбаҳоӣ ва ҳатто бемориҳои равонӣ гардад. Ғайр аз ин, паҳн шудани маълумоти бардурӯғ, таблиғоти номатлуб ва таъсири фарҳанги бегона низ як хатари ҷиддист, ки зеҳни наврасонро таҳти таъсир қарор медиҳад. 
Пас масъала дар чист? Шабакаҳои иҷтимоиро истифода бурдан мумкин аст ё не? Савол дар он аст, ки чӣ гуна ва бо кадом ҳадаф онҳоро истифода бояд бурд. Ҷавонон бояд омӯзанд, фикри танқидӣ дошта бошанд сарчашмаҳои дурустро ҷудо кунанд ва ҳувияти худро аз ҳисоби лайк ва шарҳ муайян накунанд.
Пештар ҷавонон китоб мехонданд, дар китобхонаҳо мегаштанд, бо дӯстонашон дар кӯчаҳо суҳбат мекарданд. Имрӯз ҳама он суҳбатҳо ба экран кӯчидаанд. Онҳо «аккаунт» доранд. Онҳо дигар рӯзномаи чопӣ намехонанд, «стори»-ро мебинанд. Аммо оё ин пешрафт аст ё навъе маҳдудшавӣ?
Имрӯз дар ҳаёти мо мафҳумҳое чун фарҳанги интернетӣ, фарҳанги виртуалӣ, фарҳанги иттилоотӣ, фарҳанги истифодаи дурусти иттилоот ворид шудаанд. Талаби замон аст, ки ҷавонон дар ҷаҳони интернет ҷойгоҳи худро дуруст муайян кунанд, бо корбарон муоширати дуруст дошта бошанд ва иттилоотро дар ҷаҳони виртуалӣ дуруст таҳлил кунанд. 
Чуноне ки Сарвари давлат таъкид кардааст: «Ояндаи сайёраи мо ва беҳбудии он ба он вобаста аст, ки фарзандони мо чӣ гуна ба камол мерасанд. Вазифаи асосии мо барои амалӣ гардидани иқтидори ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам овардан аст».
Ба ин маъно, бесабаб нест, ки насли оянда, ки ҳамчун як қишри фаъоли ҷомеа эътироф шудааст, неруи бузурги таъмини ободии кишвар, манбаи стратегии давлат маҳсуб мешавад.
Волидон ва омӯзгорон низ дар ин раванд нақши муҳим доранд. Онҳо бояд бо ҷавонон муколама кунанд. Ҳама чизро ба онҳо фаҳмонанд, на танқид намоянд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ – воситаи тавоно ва пуриқтидор аст. Онҳо метавонанд ба ҷавонон неру бахшанд ва дари имкониятҳои навро боз намоянд, ё онҳоро гирифтори танҳоӣ ва нигарониҳо кунанд. Ин имкониятест, ки бояд мо – ҷомеа, оила, мактаб ва худи ҷавонон оқилона интихоб намоем. 
 
М. МАМАҶОНОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: