Бо ҳукми тасодуф гузори ман ба маҳаллаи ба номи Ҷалол Икромии шаҳри Бухоро афтод. Гӯё, ки касе маро ба зиёрати ин маскан даъват карда бошад, ҳанӯз вориди бино нашуда, зани тезнигоҳе хайра мақдам гӯён пешвоз гирифт.
— Ассалому алайкум, хуш омадед, аз мо чӣ хидмат?
— Номи устод Ҷалол Икромиро аз лавҳаи сари кӯча хонда, хостам ин манзилро зиёрат кунам, — худамро муаррифӣ намуда, рости гапро гуфтам, — дар маҳалла оиди абадӣ гардондани номи ин шахси бузург чӣ гуна корҳои хайр амалӣ мегарданд?
— Маҳаллаи мо дар қисми таърихии шаҳр ҷойгир аст, яъне дар ҳудуди маҳалла мавзеъҳои таърихӣ бисёранд ва бузургони зиёди шаҳри қадима низ дар ин ҷо ба камол расидаанд, — гуфт раиси маҳаллаи ба номи Ҷалол Икромии шаҳри Бухоро Замира Султонова. – Аз ҷумла, Ҷалол Икромӣ дар ҳамин ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаанд.
Барои донистани Бухоро, зиёрати ҳафт пири он ҳар рӯз аз ин ё он нуқтаи ҷаҳон сайёҳон, олимон, нависандагон, намояндагони дини мубинамон меоянд. Онҳо мехоҳанд аз ҳаёти донишмандони илми тибб, дини ислом, мусиқӣ, шоиру нависандагони ин сарзамин бештар маълумот ба даст оранд, яъне Бухороро ҷаҳон мешиносад, аммо худи мо-чӣ?... — суханашро идома дод З. Султонова.
Бино ба гуфти Замира Султонова дар хонадоне, ки Ҷалол Икромӣ ҳар гоҳ ба зодгоҳ омада, истиқомат мекард, касе «ман аз хешовандони Икромиам» гӯён ҳуҷҷат дуруст карда, ба он хонадон даромада, истиқомат мекардааст. Вақте яке аз наберагони нависанда ба Бухоро меояд, дар ин бора шикоят карда мегӯяд, ки онҳо чунин хеше надоранд...
Аз чунин гуфтаҳои ҳамсуҳбатам таассуф кардам, ки дар байни мо чунин одамон ҳастанд. Биринҷ бе курмак намешавад. Ҷалол Икромӣ барои таърихнигорон, дӯстдорони адабиёти бадеъ корҳои зиёдро анҷом додаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Ба фикрам, вақти он расидааст, ки истиқоматгоҳи ин шахси бузург мисли хонаи дигар фарзандони бузурги шаҳри Бухоро, мисли муаллифи гимни Ӯзбекистон Мутал Бурҳонов ба хона-музей табдил дода шавад, то насли имрӯзаву оянда донанд, ки дар ин сарзамин чӣ гуна бузургон ба воя расидаанд. Дар ин бора рӯзномаи маҳбубамон ба идораҳои дахлдори шаҳр муроҷиат намуда, дастгирӣ мекард, хуб мешуд.
Саволи навбатии ман ба З. Султонова каме дардноктар буд, яъне, ки маҳаллаи шумо номи устоди шодравон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромиро дорад. Устод дар назди зодгоҳ — Бухорои шариф қарзи фарзандии худро шарафмандона адо намуда, асарҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Сафар Махсум дар Бухоро» ва ғайраро навиштаанд, ки воқеаҳои бештари он бо Бухоро ва ё фарзандони он алоқамандӣ дорад, аммо дар маҳаллае, ки бо номи он кас аст, ҳатто ягон китобашон ба назар намерасад. Маҳалла хонаи умумии ҳаммаҳаллагон мебошад. Хонаи бекитоб бошад, чун осмонест бе офтоб гуфтаанд аҳли дониш...
— Дуруст гуфтед, мо хурдакак бошад ҳам, китобхона дорем, аммо дар байни онҳо асарҳои аслии устод Икромӣ нест...
— Хонаи рақами якуми маҳаллаи шумо ин шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон мебошад. Агар ба масъули он шоир Шодмони Сулаймон оиди ин масъала муроҷиат кунед, бешубҳа шуморо дастгирӣ хоҳад кард, – маслиҳат додам ба Замира Султонова. — Он кас ҳам дар ҳамин муҳит ба воя расидаанд.
Ин ҳангом чанд нафар сокинони гуногунтабори маҳалла ба утоқи корӣ ворид шуданду суҳбатамон бурида шуд. Раиси маҳалла бо онҳо ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекиву русӣ гуфтугӯ намуда, мушкилашонро ҳал намуд.
— Дар маҳалла оиди пешгирии вайроншавии оилаҳо чӣ гуна корҳо ба амал татбиқ мегарданд? – пурсидам аз раиси маҳалла.
— Бовар кунед, таи чанд соли охир бо ин масъала рӯ ба рӯ нашудаем. Рости гап, ҳама бо ташвишҳои зиндагии худ андармонанд, машғули таълимгирию ин ё он намуди ҳунару касбу коранд. Ба фикри ман, ҷанҷолу кашмакашӣ аз бекорӣ маншаъ мегирад.
– Маҳаллаатон бо чӣ хусусиятҳо аз дигарҳо фарқ мекунад?
–Мардуми маҳаллаи мо асосан бо соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки ҳоло аз тарафи ҳукуматамон ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон эътибори алоҳида нигаронида шудааст. Ғайр аз ин, дар ҳудуди маҳалла ду мактаби таълими ҳамагонӣ, як мактаби хусусии ба номи Баҳоуддини Нақшбанд фаъолият дорад.
100 меҳмонхонаи гуногундараҷа шабурӯз дар хидмати мардум ва сайёҳон мебошад. Зиёда аз сад нуқтаи савдо, ошхона ва тарабхонаҳо мушкили онҳоро осон мегардонад. Хусусан дар ҳудуди таърихии Лаби Ҳавзи Нодир Девонбегӣ ҳар шаб тадбирҳои гуногун гузаронида мешаванд. Бегоҳии ҳар шанбе бо ҳамроҳии дастаҳои санъаткорони касбӣ, дастаи санъаткорони худфаъол баромади ҷаззоб ташкил мекунанд. Дар ҳудудамон 31 оилаи камбизоат ва 52 нафар маълӯл ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамеша зери назорати мо мебошанд.
***
Ин суҳбати ғайричашмдошт бо Замира Султонова ба ман таассуроти калон бахшид. Ҳамсуҳбати мо, ки 4 фарзандро ба воя расонидааст ва ба тарбияи 13 нафар набера низ бо масъулият менигарад, аз корҳои тиҷоратии ҳамсараш низ пуштибонӣ мекунад. Ба таърихи зодгоҳ ва ҳаёти ҳамдиёрон бефарқ набудани ӯ ҳамчун як шаҳрванди ин ватан маро хушнуд кард.
Алимурод Темиров.
Бухоро.