СУРЪАТИ МУНТАЗАМ БАРОИ ТИҶОРАТ МУҲИМ АСТ

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Alp Bahodir Nor»-и шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё аз ҷумлаи корхонаҳоест, ки бо суръати мунтазам инкишоф меёбаyд.

Ин корхона фаъолияти худро соли 2018-ум оғоз кард. Дар аввал турхалтаҳои полителенӣ дар ҳаҷми кам истеҳсол мешуданд. Тӯли солҳои сипаришуда дар ин ҷо ҳам номгӯй ва ҳам ҳаҷми маҳсулот зиёд гардид. Туфайли 310 ҳазор доллари амрикоӣ, ки аз ҷониби «Алоқабонк» ҳамчун воми имтиёзнок ҷудо карда шуд, таҷҳизоти сехҳо нав шуданд, технологияҳои замонавӣ ба кор пардохтанд.

Ҳоли ҳозир маҳсулоти корхона дар пояи супоришот ба бозори дохилӣ бароварда мешаванд.

Суратгир: Ҷ. Қӯзимуродов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: