Дар қасри фарҳанги «Нурафшон «-и Самарқанд консерти дастаи ҳунарии асбобҳои миллии рус «Метелитса» аз шаҳри Санкт-Петербург дар савияи баланд гузашт.
Мухлисони санъати бадеӣ дар тӯли ду соат аз суруду оҳангҳои дилнишину гуворои дастаи ҳунарии номдори Русия ғизои маънавӣ гирифтанд.
– Ба мардуми сермиллату фарҳангдӯсти Самарқанд барномаи рангину пурҷило овардем, – гуфт роҳбари бадеии дастаи ҳунарии «Метелитса», Артисти хидматнишондодаи Русия Игор Тонин, – мо кӯшиш ба харҷ додем, ки барномаи консертӣ ба мухлисон шиносу дилнишин бошад ва таъбашонро болида созад. Ба муносибати 80-солагии Ғалаба барномаи махсус таҳия намуда будем, ки ҳангоми иҷрои сурудҳои «Катюша», «Руймолчаи сабз», «Барфи мӯйи сафед» ва ғайра ҳозирон ба ҳофизон ҳамовоз шуданд.
Инчунин, баромади ғолиби озмунҳои байналхалқӣ балалайканавоз Евгений Желинскийро тамошобинон бо кафкӯбӣ пешвоз гирифтанд.
Зоҳир Ҳасанзода.
Вилояти Самарқанд.