Президент Шавкат Мирзиёев 1 июл бо пешниҳодҳо оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ шинос шуд.
Чӣ хеле ки маълум аст, варзишгарони кишвари мо дар Олимпиада ва Паралимпиадаи соли 2024 дар шаҳри Париж ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар ҳарду мусобиқа дар ҳисоби умумии медалҳо ҷои 13-умро ишғол карданд. Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 13 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, вазифа гузошта шуд, ки ҳаракати олимпӣ дар кишвар боз ҳам фаъолона рушд дода, ба мусобиқаҳои навбатӣ омодагии пухта дида шавад.
Дар ин замина, лоиҳаи қарор оид ба омодагӣ ба Бозиҳои XXXIV тобистонаи олимпӣ ва XVIII паралимпӣ, ки соли 2028 дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА баргузор мешаванд, таҳия гардид.
Дар лоиҳаи қарор 10 вазифаи афзалиятнок муайян шудаанд. Ба онҳо – рушди пурзӯри варзиш бо назардошти муносибати дифференсиалӣ нисбат ба намудҳои рушдёфта, умедбахш ва дар ҳоли рушд, тавсеаи ҷуғрофияи намудҳои самараноки варзиш, интихоби шаффофи ҷавонони болаёқат аз зинаҳои поёнӣ, таҳияи методикаи миллии тайёркунӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ, ташкили машғулиятҳои омӯзишию тамринӣ барои дастаҳои мунтахаб бо равона кардани онҳо ба ҳадаф ва натиҷаи мушаххас, таҳкими базаи моддию техникии онҳо, тавсеаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии варзишӣ ва дигар чорабиниҳо дохил мешавад.
Ҳамчунин, барнома ва нишондиҳандаҳои мақсадноки омодасозии варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2028 таҳия шуда истодаанд.
Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти системавӣ дар ин соҳа, дар таркиби Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон 14 шуъбаи минтақавӣ таъсис дода шуданд. Раиси Ҷоқарғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд намояндагони махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди ҳаракати олимпӣ таъин мегарданд. Барои ҳар як минтақа шахсони масъул аз Вазорати варзиш ва Кумитаи олимпӣ вобаста карда мешаванд.
Мақсади асосӣ — на танҳо омодагӣ ба як Олимпиада, балки ташаккули низоми устувор ва дарозмуддат мебошад. Озмуни се марҳилавии «Қуллаҳои олимпии Ӯзбекистони Нав» ба роҳ монда мешавад, ки мақсад аз он интихоб ва тайёр намудани варзишгарони боистеъдод аз сатҳи поёнӣ мебошад. Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа ҳамасола дар шаҳри Олимпӣ таҳти унвони «Олимпиадаи президентӣ» баргузор мегардад. Ғолибон ва ҷоизадорон барои таҳсил ба марказҳои олимпӣ қабул карда мешаванд.
Фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии олимпӣ ва паралимпӣ ба ташаккули захираи дастаҳои мунтахаби миллӣ равона мегардад. Аз соли 2026 маблағгузории марказ ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Марказ ҳамчун мактаб барои хонандагони синфҳои 8–11 ва коллеҷ барои донишҷӯёни курсҳои 1–2 бо зиёд кардани квотаи қабул фаъолият хоҳад кард. Барои донишҷӯёни курсҳои 1–2 стипендияи Вазорати варзиш пешбинӣ шудааст. Иншооти варзишии шаҳри Олимпӣ барои гузаронидани машқҳо ба марказ ба таври ройгон дода мешаванд.
Бо мақсади тавсеаи захираи варзишгарон фаъолияти клубҳои хусусии варзишӣ такмил дода, ба онҳо ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои расмӣ дода мешавад. Варзишгароне, ки ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд, метавонанд ба ҳайати дастаҳои мунтахаби миллӣ шомил шаванд.
Барои варзишгарон ва мураббиён шаклҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфуз бе имтиҳон ба муассисаҳои олии ҳарбӣ қабул карда мешаванд. Мураббиёне, ки варзишгарони муваффақро дар марҳилаҳои аввал омода кардаанд, низ иловапулӣ мегиранд.
Сарвари давлат оид ба ташкили самараноки фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, рушди инфрасохтор дар минтақаҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи варзишгарон ва мураббиён супоришот доданд.
ӮзА.