Лоиҳаи қароре, ки ба рушди минбаъдаи санъати тасвирӣ ва амалӣ равона шудааст, ба Сарвари давлат пешниҳод гардид.
Ин соҳаҳо ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллии мо ва тарбияи ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Аммо дар тӯли даҳсолаҳо ба рассомон таваҷҷуҳи зарурӣ дода намешуд. Аз ин рӯ, Президент зимни ҷамъомади васеи Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба маънавият ва маърифат ба ин масъала алоҳида таваққуф намуда, ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.
Тибқи лоиҳаи таҳияшуда, дар доираи Барномаи сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2027 ба нақша гирифта шудааст, ки Толори марказии намоишгоҳ ва фонди Академияи санъат таъмиру навсозӣ карда, инчунин дар Хонаи аксбардории Тошканд Маркази мултимедия таъсис дода шавад.
Ба васеъ намудани имкониятҳои дӯстдорони ҷавони санъат диққати махсус дода хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар ҳудуди Бунёди бадеӣ Маркази рассомони ҷавон, ки галереяи муосир ва 40 устохонаи эҷодиро дар бар мегирад, бунёд карда мешавад. Дар Осорхонаи миниатюраи шарқӣ устохонаи таълимӣ-истеҳсолӣ таъсис дода мешавад. Бинои мактаби рассомии ба номи Бенков таъмир гардида, бинои нави таълимӣ барои 400 нафар ва хобгоҳ барои 200 нафар сохта мешаванд.
Рассомони ботаҷрибае, ки бо ҷавонон бо усули «устоду шогирд» фаъолият мекунанд, барилова ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳамасола дар асоси озмун беҳтарин рассомони ҷавон барои табодули таҷриба ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Дар Донишкадаи миллии рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин ҷо тадриҷан барномаҳо ва курсҳои таълими пешқадами кишварҳои хориҷӣ ҷорӣ карда мешаванд. Осори сатҳи баланди бадеии ҳайати профессорию омӯзгорӣ ба рисолаҳои илмию тадқиқотӣ баробар карда мешаванд. Илова бар ин, хатмкунандагони донишкада ҳуқуқи дар мактабҳо омӯзонидани фанни рассомиро пайдо мекунанд.
Ҳамчунин, системаи дастгирии давлатӣ барои офаридани асарҳои эҷодӣ бо силсилаҳои «Манзараҳои Ӯзбекистони Нав», «Файласуфони барҷаста» ва «Қаҳрамонони замони мо» роҳандозӣ мегардад.
Сарвари давлат зарурати беҳтар намудани шароит барои рассомон ва ҷалби бештари ҷавонон ба санъати тасвирӣ ва амалиро дар минтақаҳо махсус таъкид намуд.
ӮзА.