Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон рафт

  • Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон рафт
  • Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон рафт
  • Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 2 июл бо сафари давлатӣ ба ин кишвар рафт.

Мувофиқи барномаи будубош дар шаҳри Боку ҷаласаи дуюми Шӯрои олии байнидавлатӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи олӣ баргузор мегарданд. Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Озарбойҷон баррасӣ хоҳанд шуд.

Роҳбари кишвари мо ҳамчунин дар кори навбатии ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Ханкенди баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: