Дар қароргоҳи «Зоғулба» маросими расмии пешвози Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари давлатӣ дар Озарбойҷон қарор дорад, баргузор гардид.
Дар майдони назди қароргоҳ парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрошта шуда, қаровули фахрӣ саф кашид.
Меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гарму самимӣ истиқбол гирифт.
Суруди миллии ҳар ду кишвар садо дод. Дар зери навои оркестри ҳарбӣ қаровули фахрӣ бо қадамзании тантанавӣ аз назди сарони давлатҳо гузашт.
Пас аз аксбардории муштарак, мулоқоти сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар формати маҳдуд оғоз гардид.