Дар натиҷаи ҳамкории зичи Бюрои миллии марказии Интерполи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақомоти салоҳиятдори Султонати Умон, истирдоди шаҳрванди Ӯзбекистон, ки тибқи моддаи 135 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (савдои инсон) дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, таъмин гардид.
Тавассути шабакаҳои Интерпол муайян карда шуд, ки гумонбар дар ҳудуди Умон пинҳон шуда, моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт шудааст.
Бо ҳамроҳии кормандони Бюрои миллии марказии Интерполи Масқат, айбдоршаванда ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварда шуда, дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримов ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.
Қайд кардан лозим аст, ки як моҳ қабл низ аз Умон ду зани дигар, ки бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, истирдод шуда буданд.
Ин натиҷаҳо ба шарофати сафари ҳайати Бюрои миллии марказии Интерполи Тошканд ба Масқат ва ҳамкории созанда бо мақомоти салоҳиятдори ду кишвар ба даст омадаанд. Дар ҷараёни музокирот мувофиқа шуд, ки дархостҳои истирдодӣ, ки аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ирсол мегарданд, дар муҳлати кӯтоҳ баррасӣ карда шаванд.
Бюрои миллии марказии Интерполи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷустуҷӯ ва баргардонидани шахсоне, ки аз таҳқиқот ва суд дар хориҷи кишвар пинҳон мешаванд, фаъолиятро идома медиҳад.