Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифодаи мақсадноки маблағҳоеро, ки ба ҶС «Ширкати рушди савдо» (собиқ Агентии рушди содирот) барои дастгирии фаъолияти содиротии соҳибкорони вилояти Самарқанд ҷудо гардида буданд, мавриди санҷиш қарор дод.
Дар ҷараёни таҳқиқ муайян карда шуд, ки 709 миллион сӯми субсидия ба 5 субъекти хоҷагидорӣ, аз ҷумла корхонаи хусусии «A.F.», хоҷагиҳои фермерии «Q.J.», «O.G.», «A.Sh.» ва ҶДММ «S.M.M.» — гӯё барои пардохти хизматрасониҳои машваратӣ вобаста ба гирифтани 9 сертификат равона карда шудаанд.
Аммо маълум гардид, ки ширкатҳои «W.M.», «D.Q.S.» ва «O.M.S. XK», ки ҳамчун машваратчиён баромад мекарданд, дар асл ягон хизматрасонӣ иҷро накарда, ҳуҷҷатҳои қалбакиро таҳия намуда, ба ҶС «Ширкати рушди савдо» пешниҳод кардаанд. Дар натиҷа, 600 миллион сӯми маблағҳои буҷетӣ ғайриқонунӣ ба суратҳисобҳои ин ширкатҳо гузаронида шудаанд.
Аз рӯи ҳолатҳои ошкоршуда нисбат ба шахсони масъули ҷамъияти саҳомӣ, намояндагони ширкатҳои машваратӣ ва дигар шахсони дастдошта тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар айни замон тафтиши пешакӣ идома дорад.