Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Боғи Ғалабаро дар шаҳри Боку боздид намуд.
Раҳбари Ӯзбекистон ба ёдгории бахшида ба Рӯзи Ғалаба гулчанбар гузошта, хотираи ватанпарварони ҳалокшудаи Озарбойҷонро пос дошт.
Ин маҷмааи ёдбуди муосир, ки дар маркази пойтахти Озарбойҷон ҷойгир аст, бо мақсади ҷовидона нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони миллӣ, ки ҷони худро барои озодӣ ва якпорчагии қаламрави кишвар фидо кардаанд, бунёд ёфтааст.