Агар бигӯем, ки «Эко бозор»-и дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарё бунёдёфта амалӣ шудани орзуи чандинсолаи мардум аст, муболиға нахоҳад шуд. Гап дар он аст, ки бозори қаблӣ, ки дар ноҳия фаъолият мекард, умуман ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ набуд.
Ифтитоҳи бозори нав барои сокинони ноҳия воқеан ҷашн гардид. Акнун деҳқонони маҳаллӣ имкон пайдо карданд, ки маҳсулоти худро бевосита ба истеъмолгарон тавассути «Эко бозор» расонанд. Ин ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати нарх ба мардум писанд омадааст. Дар бозор 640 ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар паҳлуи мавзеи «Ӯзбекистони нав» дар майдони тақрибан як гектар ин маҷмааи савдои сеошёна бунёд ёфтааст, ки барои фурӯшанда ва харидор ҳамаи шароитҳо муҳайёст. Дар ошёнаи якум асосан маҳсулоти деҳқонӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Гарчанде ҳаво хеле гарм бошад ҳам, дар павилон салқинӣ таъмин карда шудааст. Аз ин ҳам фурӯшандагон ва ҳам харидорон хеле қаноатманданд.
– Ман дар бозор фурӯшанда ҳастам, – мегӯяд Нигора Аҳмадова. – Ҳамаи имкониятҳо муҳайё шудааст. Маҳсулоти худро бе мушкилӣ мефурӯшем. Ба наздикӣ Президент низ ба бозори мо ташриф оварданд. Ман ҳам ба бахти бо он кас мулоқот кардан муяссар шудам. Аз аҳволам пурсон шуданд. Ин барои ман як ангезаи хеле бузург шуд. Агарчи ба назар таъриф менамояд, аммо шароити мо воқеан хуб аст. Бунёди чунин маҷмааи савдои муҳташам дар як гӯшаи дурдаст ба мо, сокинони Яккабоғ, ифтихор мебахшад. Албатта, дар паси ин ҳама ислоҳоти неки роҳбари давлатамон ва имкониятҳое меистад, ки ба соҳибкорон фароҳам мегарданд.
Дуконҳои либосфурӯшӣ дар ошёнаи дуюми маҷмаа ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи сеюм бошад, майдончаҳои бозӣ ва нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ ташкил карда шудаанд. Сокинон аз шароити муҳайёшудаи маҷмаа хеле қаноатманданд.
– Имрӯз бо фарзандонам ба ин маҷмааи савдо омадем, – мегӯяд Сарвиноз Мусурмонова. – бо кайфияти болида гаштугузор кардем. Муҳимаш он аст, ки кӯдаконро ба майдончаи бозӣ монда, дӯконҳо ва бозорро бемалол тамошо кардам. Ҳам кӯдакон хушҳол шуданд, ҳам харидҳои лозимиро анҷом додам. Ҳоло ба хӯрокхӯрӣ меравем. Ҳамааш дар дохили маҷмаа аст. Аз он ки дар ноҳияи дурдасти мо чунин маҷмааи замонавии савдо сохта шуд, хеле хурсандем.
– Мо соли гузашта ба фаъолият оғоз карда будем, – мегӯяд яке аз масъулони маҷмааи савдои «Eko city» Улуғбек Халилов. – Дар як вақт қобилияти хидматрасонӣ ба 2,5 ҳазор нафар аҳолиро дорем. Дар бозори деҳқонӣ зиёда аз 400 растаи фурӯш ва 28 дукони савдо мавҷуд аст. Дар ошёнаи дуюм 105 дукони либосфурӯшӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 128 соҳибкор фаъолият пеш мебаранд. Дар ошёнаи сеюм 3 ошхона ҳаст. Нархи наво ҳам мутобиқ ва дастрас аст. Роҳбари давлатамон ҳангоми ташрифи худ ба маҷмааи мо фикрҳои самимии худро баён намуда, барои рушди минбаъдаи соҳа тавсияҳо доданд.
Дар поёни сухан метавон гуфт, ки бунёди чунин лоиҳаҳои бузург дар ноҳияҳои дурдаст ва муҳайё кардани шароити замонавӣ пеш аз ҳама аз он ҷиҳат аҳамияти бузург дорад, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст.
Ӯлмас БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.