Афсӯс, ки ҷудоӣ аз падару модар доғи фаромӯшнопазирест дар қалби фарзанд. Ва ман ҳам аз ҷумлаи он дилшикастагонам, ки аз модари азиз дар айни гулшукуфти ҷавонӣ ҷудо гаштам. Дил ҳанӯз аз меҳри беинтиҳои модар баҳраманд нашуда, дар нимароҳ пурхун гашт. Дареғо!..
Умри азиз гузарон аст. Чораву имконе нест, то дар ин дунё барҳаёт бимонӣ. Вале рӯҳи инсон, хотираи ӯ муқаддас ва абадист. Ин қонуни азалӣ аз рӯзе, ки инсоният дар рӯйи Замин пайдо шудааст, ҳаст, давом дорад ва давом хоҳад кард. Фарзанд меваи боғи муҳаббати падару модар аст, яъне номбардор ва гомбардори волидайни хеш мебошад.
Аммо ... Афсӯс, ки ҷудоӣ аз падару модар доғи фаромӯшнопазирест дар қалби фарзанд. Ва ман ҳам аз ҷумлаи он дилшикастагонам, ки аз модари азиз дар айни гулшукуфти ҷавонӣ ҷудо гаштам. Дил ҳанӯз аз меҳри беинтиҳои модар баҳраманд нашуда, дар нимароҳ пурхун гашт. Дареғо!..
Модарҷон, ёд дорам, бисту панҷ сол муқаддам дар моҳи аввали тирамоҳ туро аз даст додем. Дарди бедавое мо, ҷигарбандонатро аз ту ҷудо кард.
Модари олампаноҳам. Яке аз орзуҳоят он буд, ки бо сари баланд мактабро хатм карда, толибилми донишгоҳ бошам.
Модарҷон! Ман мактабро бо шаҳодатномаи аъло хатм кардам. Пас ба Донишкадаи давлатии политехникии Фарғона дохил шудам, ин боргоҳи таълимиро ҳам хатм намудам. Солҳои донишҷӯӣ ҳар бор ба зодгоҳ бармегаштам, ҷуръати даромадан аз дарвозаи хонаро надоштам.
Модарҷон, чун ба дарвоза наздик мешудам, аз дур, аз пешайвони хонае, ки ту дар он ҷо ҳар пагоҳ маро бо дуо ба мактаб гусел мекардӣ, симое намудор мегашт. Он симо ба ту хеле монанд буд. Вақте ин симо падидор мегардид, ман дар ҷоям гӯё шах шуда мемондам ва ба гӯшам овози форами ту мерасид: «Оҳ, писаракам! Биёед! Дарсҳоро тамом карда баргаштед...»
Ёд дорам модари ғамхорро,
Модари ғамхору хушгуфторро,
Ҳар, кӣ бошад соҳиби ақлу тамиз,
Модарашро доимо дорад азиз.
Модарҷон, ман туро ҳамеша ёд мекунам. Дар ин дунё аз ғами дурии ту бисёр сӯхтам. Модарҷон, ту зери заминӣ ман дар рӯи он. Намедонам, ки нолаҳои ман ба ту мерасанд ё не?
Дар ин дунё касе барои ман мисли ту шуда натавонисту наметавонад.
Солҳои таҳсилам дар донишгоҳ ҷойи ту бисёр маълум гашт. Зеро баъзан модарони ҳамсабақонам барои дидани фарзандашон меомаданд. Онҳоро дида, ҳавас мекардам, дилам пур аз алам мешуд. Ҳатто, модарҷон, боре як ҳамдарсам аз ман пурсид: «Чаро фақат падарат ба пурсиши ту меоянду модарат не?»
Ман он лаҳза мехостам сахт гиря кунам, вале тамоми вуҷудам аз алам карахт шуда буд ва ба ин хотир ҳарфе зада натавонистам.
Зиндагӣ, модар, ҳамин аст...
Мисли ту мо ҳам пурармон мешавем,
Мисли ту мо ҳам ба пирӣ мерасем
Чун расад навбат зи дунё меравем.
Модарҷон, ҳар бор, ки ба зиёрати қабрат меравам, дар сари хоки ту хаёломез менишинам. Ба сурати санги мазорат нигариста, дар дил мегӯям: «Наход, наход оқибати инсон ҳамин бошад?!»
Дар он лаҳзаҳо мисраъҳои Лоиқи додрас вирди забонам мешаванд:
Сари кӯи ту биншастам даме чанд
Бигиристам аз андӯҳу ғаме чанд,
Зи санги сарди болои мазорат,
Бипурсидам: Баҳои одамӣ чанд?
...Модарҷон, ҳар пагоҳ вақте сӯйи донишгоҳ мерафтам, сари роҳ бисёр модарони меҳрубонро медидам ва аз байни онҳо бо нигоҳи ташнаи меҳр туро меҷустам. Вале, афсӯс, ки намеёфтам:
Дилам хоҳад равам бар кӯйи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯйи модар,
Тамоми рӯйи дунёро бигаштам,
Надидам рӯйи хуш ҷуз рӯйи модар.
Додомамадҷон МАМАДҶОНОВ,
деҳаи Гулистони ноҳияи Сӯх.