Сиёсати ҷавонон – дар маркази ислоҳот

Оё шумо ягон бор фикр кардаед, ки агар тақдир ба инсон имкони амалӣ кардани танҳо як орзуро диҳад, ӯ чиро бештар интихоб мекунад? Ба фикрам, ин савол дар адабиёти ҷаҳон, эҷодиёти даҳонакии халқ ва ҳатто дар рӯйдодҳои воқеиву ҳаётӣ бо тафсирҳои гуногун баён шудааст.

Вале ҷавоб қариб якранг аст: «Кош, ба айёми ҷавонӣ бармегаштам...». Тавре дарк мекунед, ин бесабаб нест. Воқеан, дар умри инсон лаҳзаи ёдмонтаре чун ҷавонӣ нест ва маҳз барои ҳамин дил сидқан мехоҳад, ки ба он айём баргардем, ҳаёти хубу хушу хотирмон дошта бошем.

Аммо на дар ҳама давру замон ҷавонӣ дар канори имконоти одилона ва шоиста сипарӣ мешавад. Миллионҳо ҷавонони бисёр миллату кишварҳо дар зиндагӣ орзу кардаанд, ки фикри худро мустақилона изҳор намоянд, таҳсил кунанд, аз имкониятҳои баробар истифода баранд ва соҳиби ҳуқуқу озодӣ шаванд ва мо ҳоло ҳам инро инкор карда наметавонем. Яъне ин орзуҳо аксаран амалӣ намешаванд, таҳаввулоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва дигар омилҳо ба он халал мерасонанд.

Ҳазорон шукр, ки имрӯз ҷавонони кишвари мо дар замони имкониятҳои таърихӣ умр ба сар мебаранд, барои нерӯю иқтидори худро намоён кардани онҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам гардидааст ва ин муҳит бо таваҷҷуҳи стратегии роҳбарияти кишвару боварии баланди мардуми мо таҳким меёбад.

Дар ин маврид мехоҳам як хушхабарро бо мамнуният иброз намоям: тибқи Фармони Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи ҷавонон як гурӯҳ ҷавонони ташаббускор, ки дар пешрафти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Боиси хушнудист, ки дар байни онҳо ду намояндаи фаъолу пешқадами ҳизби мо – узви гурӯҳи ҷавонони ҲСД «Адолат»-и Парлумони ҷавонони назди Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, сарвари шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Ҷиззах Фарзона Одилова ва депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Сирдарё, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Sir uni xizmati» Алишер Абдуалимов низ бо медали «Келажак бунёдкори» мукофотонида шуданд. Фарзона ва Алишерро, ки воқеан бо фаъолӣ ва ташаббускории худ барои ҳамсолонашон намунаи ибратанд, бо ин ҷоизаи олӣ самимона табрик гуфта, дар кору фаъолияти минбаъда ба онҳо комёбиву бурдбориҳо таманно мекунам!

Воқеан, солҳои охир дар мамлакати мо сиёсати ҷавонон ба локомотиви рушди давлат табдил ёфта, дар ин раванд ҷавонон на танҳо ҳамчун объекти ислоҳот, балки ба сифати субъекти боэътимод, иштирокдорони фаъол ва муаллифони ҳақиқии дигаргуниҳо ба майдон меоянд. Дар ин самт паёми шодбошии Сарвари давлатамон ба ҷавонони мамлакат ба муносибати ид ва гуфторҳое, ки зимни мулоқот бо ҷавонон низ баён шудаанд, тасдиқи равшани ин гуфтаҳост.

Дар ҳақиқат, тӯли 8 соли охир теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат аз 72 ба 201 адад расид, ки дар натиҷа фарогирии ҷавонон бо таълими олӣ аз 8,3 фоиз ба 47,7 фоиз афзуд.

Муҳим он аст, ки ин афзоиш ба сифат низ таъсири мусбат расонида, ҳоло 53 боргоҳи таълимии мо ба рейтингҳои бонуфузи байналмилалӣ шомил шудаанд. Бахусус, дар натиҷаи аз тарафи давлат пардохт гардидани маблағи шартномаи таҳсили духтарон дар шуъбаи магистратура, шумораи онҳо дар таълими олӣ 11 баробар афзуд, ки ин ифодаи амалии тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ мебошад.

Дар сиёсати давлатӣ ба баланд бардоштани иқтидори ҷавонон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ диққати махсус дода мешавад. Дар 7 соли охир теъдоди ҷавононе, ки тавассути Хазинаи «Эл-юрт умиди» барои таҳсил ба хориҷ фиристонда шуданд, аз 25 соли пешина 3 баробар зиёд гардид. Ҳамзамон, барои ба Ватан баргашта, соҳиби касбу кори муваффақ гардидани ҷавонони лаёқатманд шароит фароҳам мегардад.

Ғайр аз ин, ҷавонони мо на танҳо дар таълим, балки дар равандҳои иқтисодӣ низ ба иштирокдорони фаъол табдил меёбанд. Барои рушди соҳибкории ҷавонон бунёди 100 миллион долларина таъсис ёфта, кредитҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Дар соҳаҳои кишоварзӣ, хидматрасонӣ, «минтақаҳои саноатии ҷавонон» ва иқтисодиёти созанда низ барои ҷавонон имкониятҳои васеъ тақдим мегарданд.

Ҳамзамон, барои ҳалли мушкилоти беш аз 90 ҳазор нафар мутахассисони ҷавон ҷиҳати пайдо кардани кор, низоми нави таҳкими робитаи таълим бо бозори меҳнат ҷорӣ мешавад. Бо мақсади мустаҳкам кардани мавқеъ дар бозори ҷаҳонии IT лоиҳаи «Як миллион барномасоз» васеътар гардида, мактабҳои муҳандисӣ, ки ба фанҳои STEM ихтисосонида шудаанд, таъсис меёбанд.

Тавре Сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонон таъкид кард, дар замони кунунӣ, ки вазъи ҷаҳон беш аз пеш ноором ва мураккаб мешавад, осудагӣ ҳамчун бузургтарин неъмат, қадри инсон ва адолат ба сифати олитарин арзиш бештар аз ҳарвақта аҳамият пайдо мекунад.

«Дар кишваре, ки ҷавонони заковатманду дорои ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури муосир ва саводи хуби технологӣ зиёданд, сулҳу рушд, ҳамҷиҳатӣ ҳамеша пойдор хоҳад буд.

Ташкили таҳсилу тарбияи босифат, бозомӯзии касбу ҳунарҳои замонавӣ, таълими забонҳои хориҷӣ, барои дар ҳаёт мавқеи муносиби худро дарёфтани ҷавонон фароҳам овардани шароит, ба вазифа ва уҳдадории аз ҳама асосии мо табдил ёфтааст», – гуфт Президент.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҳар як қарор, ҳар ислоҳоте, ки ба ҳаёти ҷавонон дахл дорад, на танҳо ташаббуси давлат, балки иштироки фаъолонаи тамоми сохторҳои ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсиро тақозо мекунад. Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» низ дар ин раванд масъулиятро амиқ эҳсос намуда, масъалаи кор бо ҷавононро яке аз самтҳои асосии фаъолияти сиёсии худ медонад.

Дар муддати сипаришуда аз ҷониби ҳизби мо дар доираи лоиҳаҳое чун «Ояндаи Ватан дар дасти ҷавонон», «Саломатии ҷавонон дар эътибори ҳизб», «Мамлакате, ки фарзандони солим дорад, тавоно мешавад» беш аз 7200 чорабинӣ доир гардиданд. Тавассути суҳбатҳои мизи мудаввар, конфронс ва семинарҳо зиёдтар аз 137 ҳазор иштирокдорон фаро гирифта шуданд. Инчунин, бо ҷавононе, ки дар «Дафтари ҷавонон» сабти ном гардидаанд, корҳои мақсаднок гузаронида шуда, ба омӯзиши муроҷиати онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Бо ибтикори боли «Адолатпарварони ҷавон»-и ҳизб бо мақсади тарғиби мазмуну моҳияти Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис дар байни ҷавонони минтақаҳо беш аз 1350 чорабинӣ доир гардид. Имрӯз мо бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки бештар аз нисфи аъзои ҳизби моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки торафт шуури сиёсӣ ва масъулияти онҳо дар ҷамъият меафзояд.

Ин гуфтаҳои моро натиҷаҳои интихобот низ тасдиқ мекунанд. Бахусус, ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз ҳизби «Адолат» интихоб шудани ҷавонтарин депутат Беҳзод Тӯхтамуродов ифодаи амалии фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҷавонон аст. Инчунин, дар интихоботи Парлумонии ҷавонон, ки ба наздикӣ анҷом ёфт, ба раванди эҷоди қонун ворид шудани 21 номзади ҷавон, ки аз ҷониби ҳизби мо дастгирӣ мешаванд, натиҷаи сиёсати пайвастаи мо ҷиҳати таъмини иштироки муассири овози ҷавонон дар фазои сиёсии мамлакат мебошад.

Мо ба ҷавонон: «Ба сафи мо ҳамроҳ шавед! Шумо на танҳо нозир, балки метавонед шахсияти фаъоли сиёсие бошед, ки қарор қабул кунед, ташаббусҳоро пеш баред!» гуфта муроҷиат мекунем ва ин даъват самараи худро медиҳад. Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» дар фаъолияти хеш пешбурди манфиатҳои ҷавононро вазифаи асосии худ медонад ва дар ин роҳ онҳо такягоҳи бузургтарин бароямон мебошанд.

Ҳаракат, ташаббус ва гуфтори шумо ба мазмуни равандҳои сиёсии имрӯза табдил меёбад. Мо мақсад дорем, ки як неруи сиёсие бошем, то дар ин раванд дар канори ҷавонон бимонем ва садои онҳоро баландтар намоем.

Бовар дорам, ки шумо ба чунин имконият ва боварӣ бо фаъолияту натиҷаҳои сазовори он ҷавоб медиҳед. Инро дида, мо, калонсолон ба шумо ҳавас мекунем ва амин мешавем, ки ин сатрҳои шоир Ҳамид Ғулом то чӣ андоза бамавриданд: «Дил ҳамеша орзуи ҷавонӣ дорад, Эй кош, ҷавонии туро медоштам».

Бигзор, ҷиҳати дохил шудан ба маскани таълимие, ки орзу мекунед, пайдо кардани мавқеъ дар бозори меҳнат ва муҳимтар аз ҳама, дар амалӣ сохтани иқтидори худ дар роҳи нафъи кишвару халқамон омад ва зафарҳо ёр бошад!

Робахон МАҲМУДОВА,

роҳбари фраксияи ҲСД «Адолат» дар Палатаи қонунгузории

Олий Маҷлис.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: