Дар Хива анҷумани якуми байнипарлумонии Ӯзбекистону Озарбойҷон ба амал омад.
Хабарнигори ӮзА бо депутати Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, раиси Кумитаи оид ба меҳнат ва сиёсати иҷтимоӣ Мӯсо Гулиев суҳбат намуд. – Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мамлакатҳое мебошанд, ки бо решаҳои умумии таърихӣ алоқаманданд, – мегӯяд М. Гулиев. – Моро тамаддун, маданият, ниҳоди шабеҳ ба ҳам мепайвандад. Қарибии географӣ низ дар мустаҳкам намудани муносибатҳоямон нақши муҳим дорад.
Вақте ки ман дар Ӯзбекистон, хусусан дар вилояти Хоразм, ба озарӣ суҳбат мекунам, манро зуд мефаҳманд. Ин хусусияти наздикӣ ва самимии муносибатҳоямонро собит месозад. Маҳз ҳамин қаробат асоси муносибати мустаҳками байнидавлатӣ мебошад ва дар ноил гардидан ба муваффақиятҳои нав дар ҳамкории минтақавӣ ва байналхалқӣ чун омили муҳим хидмат менамояд.
Вазъияти ҷаҳон бесубот аст, дар минтақаи мо низ мураккабиҳои муайян ба назар мерасанд. Дар чунин шароит хусусан ба хотири ҳимоя аз низоъ ва таҳдидҳо муттаҳид шудан муҳим мебошад.
Ягонагии давлатҳо, халқҳо ва меъёрҳои минтақавӣ молики аҳамияти калидӣ мебошанд. Яке аз мақсадҳои асосии анҷуман мустаҳкам намудани ин ягонагӣ, пурзӯр намудани дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Наздиксозӣ дар ҷанбаи қонунгузорӣ, ҳамоҳангсозии бархурдҳои ҳуқуқӣ барои мо хеле муҳим аст.
Ба фикрам, барои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон муҳим аст, ки минбаъд низ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ вусъат диҳанд, зеро сайёҳӣ ин нафақат саёҳат ба мамлакати дигар, балки мутолиаи тамаддун, иқтисодиёт низ мебошад. Дар Ӯзбекистон мо аз бисёр маҳалҳои зебо боздид намудем.
Минбаъд низ муносибатҳои мо бояд беҳтар карда шавад. Бовар дорам, ки чунин чорабиниҳо робитаи байни Озарбойҷон ва Ӯзбекистонро мустаҳкам менамоянд.
Мусоҳиб Норгул Абдураимова,
хабарнигори ӮзА.