Деҳқонони заҳматкаши вилояти Сурхондарё – кластерҳо, хоҷагиҳои фермерӣ ва пудратчиҳо чун ҳамасола аввалин дар миқёси ҷумҳурӣ нақшаи солонаи ғалласупориро шарафмандона адо намуданд.
Дар чорабиние, ки бахшида ба Иди касбии ходимони матбуот ва ВАО дар шаҳри Тирмиз баргузор гардид, ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов муждаи ба марраи зафар расидани ғаллапарварони вилоятро ҳамчун шодиёна эълон намуда, тамоми мардуми воҳаро бо ин зафар табрик гуфт. Айнан дар як рӯз бо ҳам афтодани ин ду ид ҳам ходимони соҳаи матубот ва ВАО ва ҳам деқҳонони заҳматписанди воҳаро беҳад шод сохт.
– Инак, барои шумо хабар ва муждаи нав, – гуфт роҳбари вилоят. – Дар як вазъу ҳолат ҳам эҷодкорон ва ҳам ғаллапарварони заҳматкашро табрик гуфтан барои ман низ шараф аст. Ба намояндагони ҳарду соҳа омади кору барори зиндагӣ таманно дорам.
Баъди ширкат дар чорабинии мазкур ҳокими вилоят бо ҳамтоёни худ ҷониби ноҳияи Қизириқ роҳ гирифт. Дар он ҷо низ нишасти мутантан ба муносибати ба марраи зафар расидани ғаллакорон баргузор гардид. Дар нишаст тамоми роҳбарони ноҳия, мутасаддиёни хоҷагии қишлоқ, роҳбарони кластер ва хоҷагиҳои деҳқон-фермерии пешқадам ва фахриёни меҳнату нурониёни дуогӯй ширкат намуда, дар сари дасторхони пурнозу неъмати идона суҳбат оростанд. Улуғбек Қосимов ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми меҳнаткашони воҳаро бо чунин ғалабаи беназир табрик гуфта, заҳмату ранҷи ғаллапарваронро дар ин комёбӣ алоҳида таъкид кард.
Дар чорабинӣ кластерҳо ва хоҷагиҳои деҳқон-фермерӣ, ки барои бунёд кардани хирмани бобаракати ғалла саҳми арзанда гузоштанд ва ба давлат аз нақша зиёд маҳсулоти дон супориданд, бо ташаккурнома ва мукофотҳои арзандаи пуливу молӣ қадр карда шуданд. Нишаст ба як базми ҳақиқӣ мубаддал гашт. Фахриёни меҳнат ба сухан баромада, меҳнаткашони воҳаро бо зафар табрик гуфтанд. Санъаткорон бо суруду таронаҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Ҳамчун маълумот зикр кардан ҷоиз аст, ки имсол деҳқонони заҳматкаши вилоят ба 89,3 ҳазор гектар замин тухми ғалла кошта, дар натиҷаи меҳнати босамар 267 ҳазору 287 тонна ғаллаи босифат ба хирмани давлат супориданд. Ростӣ, номусоидии обу ҳавои имсола, яъне дар охири моҳи апрел ва оғози моҳи май, дар айни донбандии майдонҳои ғалла аз меъёр зиёд гарм шудани ҳарорат деҳқононро хеле хавотир сохта буд. Зеро эҳтимоли нобуд ва ё худ бесифат гардидани маҳсулот ба миён омада, деҳқононро хеле ба ташвиш овард. Лекин шукр бо инояти Худованди карим ва натиҷаи меҳнати босамари ғаллапарварон ва дуруст роҳандозӣ шудани қоидаҳои агротехникӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шуд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.