Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 июл дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Хонкендӣ иштирок кард.
Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Алиев гузашт, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олҷас Бектенов, муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон – вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов, иҷрокунандаи вазифаи муовини Сарвазири Афғонистон Мулло Абдул Ғанӣ Бародар, саркотиби СҲИ Асад Маҷид Хон ва роҳбарони ҳайатҳои як қатор давлат ва созмонҳои минтақавӣ ширкат намуданд.
Дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи СҲИ мавриди баррасӣ қарор ёфт, оид ба мушкилоти кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Сарвари давлат дар оғози суханронии худ хавфу хатарҳоеро, ки ба амният ва рушди устувор таҳдид мекунанд, қайд намуд.
Роҳбари Ӯзбекистон бори дигар таъкид кард, ки бо роҳи дипломатӣ ва музокироти созанда ҳал кардани низоъ ва баҳсҳо муҳим аст.
Дар баробари ин ёдовар гардид, ки бидуни ҳалли одилонаи зиддиятҳои Фаластину Исроил наметавон дар Шарқи Наздик сулҳу осоишро пойдор кард.
Ҳангоми гузаштан ба рӯзномаи ҷамъомад, Президенти Ӯзбекистон ба як қатор масъалаҳои мубрам диққат кард.
Пеш аз ҳама, аҳамияти қабули консепсияи «Ҳадафҳои стратегии ҳамкориҳои иқтисодӣ – 2035» ба мақсади пешбурди самтҳои афзалиятнокро зикр кард, ки ба рушди миёнамӯҳлат ва дарозмуддати созмон нигаронида шудаанд. Дар ҳуҷҷат баробари самтҳои анъанавӣ, бояд ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои инноватсия, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ низ эътибори алоҳида дода шавад.
Бахусус, масъалаҳои соддагардонии савдои мол ва хидматҳо, тадриҷан бартараф намудани монеаҳои техникӣ ва нотарифӣ, рушди тиҷорати электронӣ таъхирнопазир боқӣ мемонад.
Пешниҳод гардид, ки барои баррасии масоили стратегӣ дар ин замина ва қабули Созишнома дар бораи соддагардонии тиҷорат соли ҷорӣ нишасти вазирони тиҷорат дар Тошканд баргузор шавад.
Сарвари давлат ташаббуси созмони системаи “пайроҳаҳои сабз” барои табодули босуръати маълумотҳо оид ба савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва бидуни мамоният расондани оннҳоро пешбарӣ кард.
Аҳамияти қабули барномаи дарозмуддати “Экоинвест” бо мақсади ба марҳилаи нав баровардани ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ташаккули фазои боз ҳам шаффофу ҷолиби сармоягузорӣ таъкид шуд.
– Ҷалби васеи сармоягузорони хусусӣ, бонк ва созмонҳои байналмилалии молиявиро ба лоиҳаҳои ояндадори минтақа, мақсади асосии ин барнома меҳисобем, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.
Дар шароити кунунии геосиёсӣ ташаккули долонҳои алтернативии нақлиётӣ вазифаи муҳими стартегӣ мебошад. Таъкид гардид, ки лоиҳаи роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон” чун пайвандгари долони ояндадори Трансафғон барои пайвастани босамари шабакаҳои транзитии минтақаи васеъ имкон медиҳад.
Роҳбари давлат инчунин пешниҳоди тезонидани таъсиси Идораи нақлиёт ва гумруки рақамӣ бо мақсади роҳандозии корҳои системавӣ оид ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва логистикаро пешбарӣ кард.
– Кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар минтақа, роҳандозии шаклҳои инноватсионии ҳамкориҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, таҳияи стратегияҳои маркетинги маҷмӯӣ байни бахшҳои сайёҳӣ ва авиатсия аз вазифаҳои таъхирнопазир мебошанд, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.
Пешниҳод шуд, ки ба хотири баррасии ин масъалаҳо имсол дар Самарқанд Форуми миллии ширкатҳои ҳавопаймоӣ баргузор шавад.
Зикр гашт, ки барои ду баробар зиёд кардани шумораи сайёҳон имкониятҳои калон мавҷуданд. Қабули “харитаи роҳ” оид ба густариши хидматрасонии сайёҳӣ дар доираи созмон ба ин хидмат мекунад.
Сарвари давлати мо аҳамияти муттаҳидсозии саъю кӯшишро оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаҳонии иқлим қайд намуда, ташаббуси таҳияи «барномаи сабз»-и фаромарзӣ оид ба бунёди ҷангал ва минтақаҳои истироҳатӣ дар манотиқи биёбонро ба миён гузошт.
Роҳбари Ӯзбекистон кори Кумитаи сатҳи олиро мусбат арзёбӣ карда, пешниҳод кард, ки то баргузории ҳамоиши навбатӣ барои такмили фаъолияти СҲИ тавсияҳои мушаххас омода кунад.
– Ислоҳот барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои мо ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю эътибор ва нуфузи созмон дар арсаи байналмилалӣ хидмат хоҳад кард, – гуфт Президент.
Сарвари давлат дар фарҷоми суханронии худ изҳори итминон кард, ки ин ҳамоиш ба ҳамкориҳои амалии бисёрҷониба дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ суръати бештар бахшида, марҳалаи навро оғоз мебахшад.