СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР НИШАСТИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ

Сарони муҳтарами ҳайатҳо!

Аз он, ки имрӯз бо шумо дар замини қадимаи Қарабоғ — шаҳри зебои Хонкендӣ, ки мероси беназири таърихӣ ва фарҳангиро дар худ таҷассум кардааст, дидор мебинем, хеле шодам.

Имрӯз воқеан мебинем, ки ин минтақа тадриҷан ба макони созандагӣ ва сулҳ мубаддал мегардад ва ин моро ҳамчун бародарони ҳақиқӣ хеле хушҳол месозад.

Ба муносибати ташкили нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар ҳамин замин ва барои қабули гарму самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Илҳом Алиев изҳори миннатдории амиқ мекунам.

Пас аз нишасти таърихии мо дар Тошканд, дар роҳи таҳкими иқтидори институтсионалии Созмон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои нав дастовардҳои назаррас ба даст оварда шуданд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам раёсати самарабахши Ҷумҳурии Қазоқистонро дар доираи Созмони мо махсусан таъкид намоям.

Ҳамзамон, аз он шодем, ки баъд аз танаффуси тӯлонӣ ҳайати Ҳукумати муваққатии Афғонистон дар ҳамоиши мо ширкат мекунад. Зеро мо Афғонистони ҳамсояро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фазои Созмони худ, иштирокчии муҳими ҳамкориҳои иқтисодии васеъмиқёс ва раванди ҳамгироии инфрасохторӣ ва нақлиётӣ медонем ва онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Нишасти имрӯзаи мо дар шароити бисёр мураккабе баргузор мегардад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ айни замон як бӯҳрони шадидро аз сар мегузаронад.

Хусусан, маҳз дар фазои кишварҳои Созмони мо содир гардидани аксарияти низоъ ва мухолифатҳо маҳз далели равшани фикрамон мебошад. Ҳодисаҳои охири моҳҳои гузашта дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна ҳамаи моро сахт нигарон намудааст.

Таназзули меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва институтҳои амнияти глобалӣ муколама ва ҳамкориро боз ҳам сусттар гардонида, роҳро ба истифодаи зӯроварӣ ва хушунат боз мекунад. Махсусан, амалиётҳои ҳарбӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки узви Созмони мост, хатари кашида шудани тамоми минтақа ба гирдоби ҷанг ва пайдо шудани як манбаи нави фалокати экологиро ба вуҷуд овард.

Мо созиш дар бораи оташбас миёни Эрон ва Исроилро пурра дастгирӣ менамоем ва ин қарорро як қадами муҳим ба сӯи коҳиши зиддиятҳо ва барқарорсозии амният дар минтақа меҳисобем.

Бовар дорем, ки ин созиш барои ҳалли ҳама мушкилот тавассути музокироти дипломатӣ ва созанда асоси мустаҳкам хоҳад гузошт.

Бо дарназардошти он ки паҳн накардан ва худдорӣ аз истифодаи силоҳи қатли ом яке аз масъалаҳои муҳимтарини амнияти байналмилалӣ мебошад, ҷомеаи ҷаҳониро боз як бор ба васеъ намудани ҷуғрофиёи минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ даъват мекунем.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки бе ҳалли одилонаи мухолифати Фаластин ва Исроил ба сулҳ ва суботи устувор дар Ховари Миёна расидан ғайриимкон аст.

Мо тарафдори бас кардани амалиёти ҳарбӣ дар сектори Ғазо, барҳам додани ҳама гуна монеаҳо дар роҳи расондани ёрии башардӯстона ба аҳолие, ки аз гуруснагӣ ва шароити ғайриинсонӣ ранҷ мекашанд, ҳастем ва аз ташкили давлати мустақили Фаластин мутобиқи қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ мекунем.

Муҳтарам иштирокчиёни нишаст!

Асоси ҳар гуна сулҳ ва пешрафт, пеш аз ҳама, бо ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, шарикӣ дар доираи Созмони мо имрӯз на танҳо як амри табиӣ, балки аҳамияти стратегии фавқулода муҳим низ дорад.

Бо дарназардошти рӯзномаи ҷаласаи имрӯза, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як қатор масъалаҳо ҷалб намоям.

Пеш аз ҳама, мо бояд самтҳои асосии рушди устувори Созмони худро дар дурнамои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат муайян намоем.

Дар ин замина, зарур мешуморем, ки Консепсияи «Ҳадафҳои стратегии ҳамкории иқтисодӣ — 2035» қабул карда шавад. Дар ин ҳуҷҷат, дар баробари самтҳои анъанавӣ ба мисли савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва маориф, бояд ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Дар доираи Созмони мо масъалаи содасозии савдои молу хизматрасонӣ, бартарафсозии тадриҷии монеаҳои техникӣ ва ғайритарифӣ ва рушди тиҷорати электронӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Мехостам диққати шуморо ба ин ҷалб кунам: айни ҳол ҳаҷми савдои мутақобила дар сатҳи паст қарор дорад. Ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 95 миллиард доллар расида, танҳо 10 фоизи гардиши умумии савдои кишварҳоямонро ташкил дод.

Бо мақсади баррасии масъалаҳои стратегӣ дар ин самт ва мувофиқа намудани Созишномаи содасозии савдо, мо ташаббус ба миён мегузорем, ки имсол дар шаҳри Тошканд вохӯрии вазирони савдо баргузор гардад.

Илова бар ин, муҳим мешуморем, ки як низоми «роҳрави сабз» таъсис дода шавад, ки мубодилаи фаврии иттилоот ва интиқоли бемонеаи маҳсулоти кишоварзиро таъмин намояд.

Бо мақсади ба марҳилаи нав баровардани ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва боз ҳам шаффофу ҷолибтар гардондани муҳити сармоягузорӣ, ташаббус ба миён мегузорем, ки барномаи дарозмуддати «Экоинвест» қабул карда шавад.

Мо бовар дорем, ки ҳадафи асосии ин барнома ҷалби васеи сармоягузорони хусусӣ, бонкҳо ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ба лоиҳаҳои ояндадори минтақаамон хоҳад буд.

Боз як самти устувор. Ҳодисаҳои геосиёсии ахир боз як бор исбот карданд, ки хатари қатъ гардидани занҷираҳои логистикаи байналмилалӣ то чӣ андоза баланд аст ва ташаккули роҳравҳои алтернативии нақлиётӣ аҳамияти стратегии бузург дорад.

Соли гузашта оғози татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани Чин — Қирғизистон — Ӯзбекистон як рӯйдоди муҳим гардид. Дар оянда, ин шоҳроҳи асосӣ ба масири трансафғонистонӣ пайваст шуда, имконият медиҳад, ки шабакаҳои транзитии минтақаи васеи мо самаранок ба ҳам муттаҳид гарданд.

Бо мақсади ба роҳ мондани рақамисозии низомнок дар соҳаи нақлиёт ва логистика, мо чунин меҳисобем, ки вақти татбиқи амалии ташаббуси таъсиси Идораи рақамии нақлиёт ва гумрук фаро расидааст ва ҷонибдори суръат бахшидани музокироти сатҳи коршиносон ҳастем.

Кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар минтақа, роҳандозии шаклҳои инноватсионии ҳамкорӣ миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ, таҳияи стратегияҳои интегратсионӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва ҳавопаймоӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Бо мақсади баррасии ин масъалаҳо пешниҳод менамоем, ки Форуми миллии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор гардад.

Дар оянда мо потенсиали кофӣ дорем, ки ҷараёни сайёҳонро ду баробар афзоиш диҳем. Таҳияи «харитаи роҳ» оид ба густариши хизматрасониҳои сайёҳӣ дар доираи Созмон ба амалӣ гардидани ин ҳадафи нек хизмат хоҳад кард.

Мехоҳам диққати шуморо ба як масъалаи муҳими дигар ҷалб намоям.

Бинобар масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаҳонии иқлим дохил шудаанд, муттаҳид сохтани саъю талош ва кӯшишҳои давлатҳои мо бисёр муҳим мебошад. Мо қатъиян ҷонибдори татбиқи пурраи ӯҳдадориҳо ва созишҳое ҳастем, ки дар Нишасти глобалии иқлим (COP-29) дар шаҳри Боку бомуваффақият қабул шуданд.

Дар доираи Созмон пешниҳод мекунем, ки Барномаи транссарҳадии «сабз» таҳия гардад, ки ташкили ҷангалҳо дар минтақаҳои биёбон ва таъсиси минтақаҳои рекреатсионӣ (истироҳатӣ)-ро дар бар гирад.

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Мо фаъолияти Кумитаи сатҳи баландро, ки бо мақсади такмил додани фаъолияти Созмон таъсис дода шудааст, мусбат арзёбӣ менамоем. Пешниҳод дорем, ки ба Кумита вазифаи таҳияи таклифу тавсияҳои мушаххас оид ба ислоҳи фаъолияти Созмон то саммити навбатӣ дода шавад. Ман бовар дорам, ки фикри маро ҷонибдорӣ хоҳед кард.

Бешубҳа, чунин ислоҳот ба баровардани ҳамкории мо ба сатҳи нав, баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Созмон дар саҳнаи байналмилалӣ ва мутобиқ сохтани фаъолияти он ба талаботи замон хизмат хоҳад кард.

Боварӣ дорам, ки нишасти имрӯзаи мо ба амалишавии ниятҳо ва нақшаҳои бузурги мо дар самти тавсеаи ҳамкориҳои фарогир ва амалӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Барои эътиборатон ташаккур!

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: